Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар се моҳи аввали соли 2019 беш аз 3 ҳазор оила аз ҳам пошидааст, ки баъзе аз онҳо навхонадор ва баъзеи дигар соҳиби чанд кӯдак ҳастанд.
Дар Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ё ЗАГС гуфтанд, ин рақам дар муқоиса ба се моҳи аввали соли гузашта тақрибан 150 ҳолат зиёд ва нигаронкунанда аст.
Мақомот сабабҳои талоқу ҷудошавии оилаҳоро ба зӯроварӣ, муҳоҷират ва дахолати тарафи севум медонанд. Коршиносон ҳам мегӯянд, зиндагии якҷояи чанд оила дар як ҳавлӣ, камбизоатӣ, издивоҷҳои бармаҳал, афзоиши таваққӯи фарзандон аз чанд омилест, ки ба ҷудоӣ дар байни ҷуфтҳо мусоидат кардааст.
Соли гузашта дар Тоҷикистон 8 ҳазор ҷуфт аз тариқи додгоҳ расман аз ҳам ҷудо шудаанд.
Дар бораи таҳкими оила ва роҳҳалҳои мушкилоти оиладорӣ, радиои Паём барои шунавандагони гиромӣ ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа соати 12:40 ба вақти Маскав ва такрори он соати 16:40 барномаи хонаводагии Остона пахш мекунад. Муҷрими ин барнома, донишманди тоҷик дуктур Муслима Аҳмадӣ, роҳҳои таҳкими оила, пешгирӣ аз ҳампошиҳо, усулҳои тарбия ва муносибат бо фарзандонро бо истифода аз улуми равоншиносӣ, ахлоқ ва одоби исломӣ тавсия мекунад.