Рубрики Хабарҳо

Наворе, ки моҳияти давлатдории Тоҷикистонро нишон дод

“Ин навори панҷдақиқаӣ моҳияти давлатдории имрӯзаи Тоҷикистонро комилан ошкор кард” — гуфт Муҳиддин Кабирӣ бо ишора ба навори истинтоқи раисҷумҳур аз кормнади гумрук Шаҳбоз Раҷабзода.

Раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон зимни гуфтугӯи мустақимаш бо мардум рӯзи ҷумъа 17 май қайд кард “ҳамин 5 дақиқа кофӣ аст, ки миллат бидонад ҳам кишвар ва ҳам худи миллат дар кадом вазъ қарор доранд ва раисҷумҳури Тоҷикистон вазъиятро чӣ гуна мебинад”.

Кабирӣ ин ҷаласаро як намоишкорӣ номид ва гуфт қаблан ин гуна намоишҳо воқеъан таъсир доштанд ва мардум ба онҳо бовар мекард. Ӯ аз танқиди раисҷумҳур дар як ҷаласа аз Муродалӣ Алимардонов, ки як миллиард долларо обулой карда буд мисол овард ва гуфт мардум чунин пиндошт, ки Раҳмон дар ғами миллат ва буҷаи он аст. “Аммо дертар Алимардонов вазифаи баландтар гирифт, чун он пулҳоро худаш танҳо надуздида буд. Дар Тоҷикистон имкон надорад, ки бидуни ҳамкорӣ ва мушорикати президент як миллиард долларо аз Бонки миллӣ нобуд кард” — изҳор дошт раиси ҲНИТ.

Ӯ гуфт “ҳукумат, ба хусус мақомоти аввал фикр карданд, ки ҳанӯз ҳам метавон бо ин спектаклҳои сохта мардумро қонеъ кард. Аммо фаромӯш карданд, ки миллати тоҷик он миллати панҷ солу даҳ сол пеш нест. Миллат дигар огоҳ шудааст, бедор гаштааст”.

Ба гуфтаи раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон гуфтугӯи раисҷумҳур бо як афсари ҷавони гумрук чанд чизро ошкор кардааст:

1. Ҳаҷми фасод дар Тоҷикистон. “Ин гуфтугӯ нишон дод, ки тамоми сохторҳо ва тамоми ҷомеъа дар Тоҷикистон бо коррупсия ва фасод мисли заҳрпечак печида шудааст. Ва фасод хеле амиқ ва васеъ аст” — гуфт Муҳиддин Кабирӣ.

2. Ҳаҷми пулҳои дуздидашуда беш аз 10 миллиард доллар аст. “Мо фикр мекардем, ки аз 3 то 5 миллиардро баровардааст. Аммо худи раисҷумҳур тасдиқ кард, ки беш аз 10 миллард аст. Чун худаш гуфт, ки “шумо миллиардҳо доллар берун баровардаед”. Пас ин пуле, ки президент ишора кард ва он чӣ мо медонем изофа кунед. Беш аз 10 миллиард мешавад” — тасреҳ кард раиси ҲНИТ

3. Раисҷумҳур аз тамоми ин фасодкориҳо огоҳ буд. кабирӣ гуфт далелаш ҳам ҳамин ҷумлаҳои раисҷумҳур буд, дар ишора ба дартолорбудагон гуфт “тамоми мақомоте, ки дар инҷо нишастаанд — раҳбарони идораҳо, сардорони гузаргоҳҳо, раёсатҳо ва андоз вазъият мисли ҳамин афсари ҷавони гумрук аст. Ва худи президент медонад, ки вазъият дар гумрук, Кумитаи андоз, додситонӣ ҳамин аст.”

4. Шаҳбоз Раҷабзода на ба хотири дуздиҳояш, балки барои аз номи фарзандони раисҷумҳур ҳарф заданаш ҷазо гирифт. “Вақте президент аз ӯ савол мекунад, ки чаро аз номи фарзандони ман гап мезанӣ, ин ба он маъност, ки ман туро на ба он хотир ҷазо медиҳам, ки дуздӣ кардаӣ, балк ба он хотир, ки ифшо кардаӣ он дуздиро ҳамроҳ бо кӣ мекунӣ” — гуфт Кабирӣ.

5. Дар тоҷикистон барои дуздӣ, ришвахурӣ, моли мардумро хӯрдан ва порагирӣ ҳеҷ касро ҷазо нахоҳанд дод. “Чунки инҳо ҳама бо ҳам кор мекунанд” — қайд кард раҳбари ПМТ. Ӯ гуфт дар Тоҷикистон танҳо онҳое ҷазо мегиранд, ки мухолифи давлат ҳастанд.

6. Ва аз ҳама муҳим: Эмомалӣ Раҳмон ҳокимияти судиро ғасб кардааст. “Мо ошкоро дидем, ки дар Тоҷикистон қонун, прокуратура, суд, адвокат, иҷрокунанда — ҳамааш дар як шахс ҷамъ шудааст. Ин шахс дар як ҷаласаи 5-дақиқаина як нафарро ҳам гунаҳкор эълон кард, чун прокурор муддати зиндонашро муайян намуд, чун адвокат дархост кард, ки ҷавон асту сафед шавад, чун суд ҳукми озодиашро эълон кард ва чун раиси гумрук аз кор ронд” — зикр кард Кабирӣ.

Ӯ ҳамчунин гуфт “мо инҷо шоҳиди як ҷиноят шудем — ғасби ҳокимияти судӣ аз тарафи президет, ки Кнонститутсияи Тоҷикистон онро ҷинояти сангин эълон кардааст”.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *