Рубрики Хабарҳо

Баҳси тоҷикону қирғизҳо барои қабристон дар Исфара

Бо талаби мондани низомиён дар минтақаи қабристони баҳсӣ, сокинони деҳаи Қара-боқи Қирғизистон  таҷаммуъ карданд.

Ҷамъомадагони қирғиз даъво доранд, ки гӯиё марзбонони тоҷик онҳоро ба қабристон барои гӯрондани ҳамдеҳаашон роҳ надодаанд.

Дар ин бора хабар дода навиштааст,  “Сокинони деҳа аз он норозиянд, ки марзбонони тоҷик онҳоро ба гӯристон роҳ надодаанд. Онҳо талаб доранд, ки марзбонони қирғиз ин минтақаро нигоҳбонӣ кунанд.

Каримбердӣ Қаламбеков, раиси маҳалла ба манбаъи хабар гуфтааст, ки феълан гуфтушунидҳо идома доранд.  Ӯ гуфтааст, аллакай то нисфи рӯз ҳудуди сад нафар ҷамъ омадаанд.

Дар ҳамин ҳол Иқбол Илёсзода, сухангӯи мақомоти шаҳри Исфара, минтақаи ҳаммарз бо Қирғизистон дар саҳифаи фейсбукияш навори қатори сарҳадбонони мусаллаҳи қирғизро нашр намудааст, ки ба навиштаи ӯ, дар минтақаи ҷамоати деҳоти Лаккони шаҳри Исфара ғайриқонунӣ вориди қаламрави Тоҷикистон шудаанд. Илёсзода ин иқдомро иғвои навбатӣ аз ҷониби Қирғизистон унвон кардааст.

Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 500 километри он аломатгузорӣ шудааст. Номуайянӣ дар марз боиси сар задани танишҳо миёни сокинони наздимарзӣ мегардад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *