Ҳенрих Мхитарян, Футболбози дастаи “Арсенал”-и шаҳри Лондон, ки арманитабор аст, дар бозии финалии Лигаи Аврупо бо дастаи “Челсӣ”-и Лондон, ки рӯзи 29-уми май дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон баргузор мешавад, иштирок нахоҳад кард.
Дастаи “Арсенал” дар ин бора изҳорот рӯзи 21-уми май изҳорот пахш кард. Аммо бо чи далел Мхитарян ширкат намекунад, дастаи Арсенал дар изҳороти худ тавзеҳ надод.
Худи Мхитарян дар саҳифаи худ дар шабакаи Твиттер навишт, барои ӯ худдорӣ аз ширкат дар ин бозӣ “тасмими дарднок аст”, вале ӯ ҳам нагуфт, ки сабаби худдориаш чист.
Рӯзи 10 май сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон Лайло Абдуллоева гуфт, бо вуҷуди ихтилофҳои тӯлонии миёни Озарбойҷону Арманистон, Мхитарян метавонад дар Боку бозӣ кунад. Ӯ афзуд, “варзиш аз сиёсат ҷудо аст”.
Гуфтанист, солҳои 90-ми асри гузашта, миёни Озарбойҷону Арманистон ба хотири минтақаи Қаробоғи Кӯҳӣ мухолифатҳо ба амал омада, боиси даргириҳо шуд.
Ин даргириҳо, ки боиси кушта шудани 30 ҳазор нафар ва муҳоҷир шудани ҳудуди 1 миллион сокинон гардид, дар соли 1994 бо имзои оташбас поён ёфт.