Рубрики Хабарҳо

НАМОЗИ ТАРОВЕҲ (қисми 2)

Яке аз ибодатҳое, ки махсуси моҳи мубораки Рамазон мебошад, намози таровеҳ аст.

Намози таровеҳ суннати муаккада ва аз асоситарин рамзҳои  моҳи Рамазон ба шумор меравад. Намози таровеҳро танҳо дар Рамазон барпой медоранд. Оиди фазлу савоби намози таровеҳ ҳадисҳои зиёд ривоят шудаанд. Дар ҳадиси Бухорӣ паёмбар салаллоҳу алайҳи ва салллам мегӯянд:

من قام رمضان ايمانا و احتسابا غفر له ما تقدم من ذنبه

Ҳар касе, ки моҳи Рамазонро бо гузоштани намози Таровеҳ ҳамроҳ бо имону аз Парвардигор умеди аҷр кардан, сипарӣ намояд, тамоми гуноҳҳои гузаштааш бахшида мешаванд.

Паёмбар намози таровеҳро  дар рӯзҳои аввали Рамазон бо ҷамоат хонда буданд. Сипас вақте диданд. мардум ба намози таровеҳ, ҳамчун намозҳои фариза аҳмият дода истодаанд, бо ҷамоат неву худашон танҳо хонданд, то мардум намози таровеҳро, ҳамчун фарз барои худ воҷиб насозанд.

Дар китоби Бухорӣ омадааст ки ҳазрати Оиша мегӯянд:

Паёмбар ду рузи аввали Рамазонро ҳамроҳи саҳобагон ёздаҳ ракат, ҳашт ракат таровеҳ ва се ракат витр анҷом доданд. Рӯзи сеюм вақте мардум барои намози Таровеҳ ҷамъ шуданд, Паёмбар аз утоқи худ набаромада худашон танҳо таровеҳ хонданд, зеро бим доштанд, ки мардум таровеҳро ба мисли намозҳои фариза барои худ фарз мегардонанд.

Пас аз ин мусалмонҳо  хондани таровеҳро давом доданд, баъзеҳо бо ҷамоат баъзеҳо танҳо мехонданд, барои он ки ҳарду намуд, ҳам бо ҷамоат, ҳам танҳо хондани Таровеҳро дар Расулаллоҳ дида буданд. Ҳамин тавр давом кард то замоне, ки ҳазрати Умар халифа шуданд.

Дар саҳеҳи Бухорӣ омадааст, ки рӯзе ҳазрати Умар дар моҳи рамазон аз назди масҷид гузар карданд, диданд, ки мардум дар гӯшаҳои масҷид танҳо танҳову пароканда намоз мегузоранд, яке бист ракат дигаре ҳашт рака, яке бо ҷамоат дигаре худаш танҳо ҳама ба ҳар шакле намоз мегузорад. Ҳамаи ин тафриқаи намозгузоронро дида, Умар гуфтанд:

Ман ба ин назар ҳастам, ки агар ҳамаи ин намозгузорон якҷоя бо як имом намоз гузоранд, беҳтар аст. Сипас азм карданду аҳли масҷидро ҷамъ карда ба онҳо саҳобии бузург қории уммат Убай ибни Каъбро имом гузоштанд. Фармуданд. то бист ракат намози таровеҳ хонанд, сипас ҳама ба хонаҳояшон раванд.

Рӯзи дигар вақте ҳазрати Умар аз назди масҷид мегузаштанд, диданд, ки мардум дастаҷамъона бо ҳам намоз мехонанд. Ин манзараи зеборо дида Умар гуфтанд, чӣ қадар бидъати хуб аст, ин намози шумо.

Бидъат гуфтани Умар маънои онро надорад, ки таровеҳ дар асл набуду онро Умар ихтироъ карданд. На, таровеҳ вуҷуд дошт, аммо ҳамеша дастаҷамъона хонда намешуд.

Барои ҳамин ҷумҳури уламо иттифоқ ҳастанд, ки бо ҷамоат хондани таровеҳ бидъат маҳсуб намешавад, зеро ин амалро паёмбар дар ҳаёташон анҷом дода буданд.

Дар бораи ракъатҳои намози Таровеҳ аниқ рақами хосе муайян нашудааст. Барои ҳамин соҳибони мазҳаб мегӯянд инсон метавонад то қадри тавонаш чӣ қадар, ки метавонад, намоз гузорад. Метавонед ҳашт ракат, метавонед 12  ракат, метавонед 20 ракат намоз гузоред, аммо дар мазҳаби Абуҳанифа, маҳз қавли Умарро гирифта бист ракъат намози Таровеҳ мехонанд.

Аммо Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам ёздаҳ ракат хонда буданд.

Вақте ҳазрати Оишаро пурсиданд, ки Паёмбар дар шабҳои Рамазон чигуна намоз мехонданд? Ҳазрати оиша гуфтанд: Паёмбар на дар рамазон, на дар ғайри рамазон ҳаргиз зиёда аз ёздаҳ ракат намози шаб нахонда буданд. Чаҳор ракати намоз мегузоштанд, аз зебогию дарозии ракъатҳояш, тули саҷдаву рукӯъҳояш ҳатто напурсед. Сипас се ракъат витр мехонданд.

Аз Ҳадиси Оиша дарк мекунем, ки паёмбар ду бор чаҳор ракати Таровеҳ мехонданд, бо қиёму рукӯву суҷудҳои тулониву бо хушӯъ ва  пас аз ин ҳашт ракъат, се ракъат витр мехонданд.

Албатта ададҳои ками намози бохушуву бо тадаббур аз ракъатҳои зиёди зуд-зуд бо шитоб анҷом шуда афзалтар мебошанд.

Муслимаи Аҳмадӣ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *