Ҳорун ар- Рашид, шахсе, ки дар замони хилофаташ нисфи дунё дар дасташ буд ва ҳатто ба абрҳо садо карда мегуфт: Эй абрҳои осмонӣ ба куҷое, ки мехоҳед бираведу заминро сероб гардонед, ба ҳар куҷое, ки борони шумо бирезад, маҳсули он ҷо худ аз худ ҳамчун хароҷ ба хазинаи давлати ман меояд.
Ин халифаи қудратманд ду фарзандашро ба дасти Олими бузург Имом Асмаъи барои шогирдӣ супорида буд.
Рӯзе Ҳорунаррашид аз назди хонаи Асмаъи мегузарад ва мебинад, ки писараш ба пойҳои устодаш об меразаду устоз пойҳояшро мешӯяд. Ҳорунаррашид ин манзараро дида, ба устод Асмаъи хитоб карда мегӯяд:
Ман ба ту писаронамро супоридам, то ба онҳо одобу ахлоқ ва илм омӯзӣ, ту бошад чӣ кор мекунӣ?
Ту бояд ба писарам, ки шогирди ту аст, мефармудӣ, то ба як дасташ ба поят об резад, ба дасти дигараш пойҳоятро шуяд, ин аст эҳтироми устод.
Аллоҳу акбар фарзанди халифа бояд пойҳои устодашро шӯяд, то қадри устодро донад.
Яке аз шогирдони Имом Абуҳанифа мегӯяд: Қасам ба Аллоҳ ҳамеша дар намозам пеш аз он, ки дар ҳаққи волидонам дуо гӯям, аввалан дар ҳаққи устодам Абуҳанифа дуо мегӯям.
Имом Аҳмади Ҳанбал мегӯянд. Муддати си сол аст, ки пайваста дар ҳаққи устодам Шофеъи дуо мекунам, аз Аллоҳ талаб мекунам, то устодамро ба раҳматаш гирад ва гуноҳҳояшро мағфират намояд.
Имом Муслим соҳиби Китоби Саҳеҳи Муслим, Китобе, ки Севвумин сарчашмаи далелҳои Шариат аст ба устодашон имом Бухорӣ мегуфтанд: Ба ман иҷозат деҳ, то пойҳоятро бибӯсам, эй устоди муаллимон, ва амири аҳодису табиби илми ҳадис.
Беҳтарин намунаи эҳтироми шогирд нисбати устодро Қуръон дар сураи Каҳф ба мо қисса мекунад.
Вақте Мусо ба назди ҳазрати Хизр барои таълими илм омаданд, бо тамоми фурӯтанӣ ба Хизр гуфтанд:
هل اتبعك على ان تعلمن مما علمت رشدا
Оё ба ман иҷозат медиҳӣ, то туро пайравӣ кунам ба дунболи ту равам, то ту аз илме, ки дорӣ ба ман таълим диҳӣ. (Каҳф 66)
Мусо бо ҳама он бузургии худ аз устод бо фурутанӣ савол мекунад, ки ба ман иҷозат деҳ, то шогирдад бошам. Аз ин ҳам болотар вақте Хизр дар охири сафар ба Мусо мегӯянд: Ту аз ман дар аснои сафар зиёд савол додӣ, ту дигар шогирди ман шуда наметавонӣ.
Мусо беягон эътироз, чашм ман хато кардам ва ҳақ дорӣ маро аз шогирди биронӣ гӯён бармегарданд.
Мусо намегӯянд: Ман паёмбар ҳастам, ман калимуллоҳ ҳастам, ман соҳиби таврот ҳастам, ман сардори қавми Исроил, амири қавм ҳастам, ту ҳақ надорӣ бо ман ин гуна муомила кунӣ, на инҳоро намешӯянд, балки ҳамчун шогирди муаддаб ба гуфтаи устод сар фурӯ меоранд.
Агар касе ба қуллаи баланди маърифат расид, на барои он, ки устоди хуб дошт, балки барои он ки Аллоҳ ба ӯ басирати чӣ гуна шогирди карданро дода буд.
Муслимаи Аҳмадӣ