Тоҷикон василаҳои маскуншавӣ ба кишвари ғайрро меҷӯянд
Масъулини сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Тоҷикистон аз он нигаронӣ мекунанд, ки рӯз ба рӯз аз ҳампошии оилаҳо меафзояд. Иддае аз оилаҳо на ба хотири номуросоӣ ва ё мушкилоти дигар аз ҳам ҷудо мешаванд, балки танҳо мехоҳанд, расман аз ҳам ҷудо шуда, бо шаҳрванди Русия расман ақди никоҳи ҷаълӣ банданд, то гирифтани шаҳрвандии ин кишвар осон шавад.
Тавре расонаҳои маҳаллӣ маълумот додаанд, танҳо дар вилояти Хатлон дар 4 моҳи соли ҷорӣ 124 оила ақди никоҳи худашонро бо далели ба даст овардани шаҳрвандии Федератсияи Русия бекор кардаанд.
Сафарзода Зиннатгул, Сардори Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба расонаҳои маҳаллӣ гуфтааст, иддае аз оилаҳо, ки бо ваколатнома ақди никоҳи худро бекор карда буданд, худашон иқрор шудаанд, ки барои гирифтани шаҳвандии Русия ақди никоҳашонро бекор кардаанд. Тибқи маълумот аз мақомоти Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз аввали соли 2019 дар вилояти Хатлон 957 оила ақди никоҳи худро бекор кардаанд, ки аз он 124 оила барои гирифтани шаҳрвандии Федератсияи Русия ба ин кор даст задаанд.
Тибқи иттилои раёсати САҲШ-и Вазорати адлияи Русия, ҳар сол дар ин кишвар беш аз 12 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон бо шаҳрвандони Русия издивоҷ мекунанд. Пеш аз издивоҷи шаҳрванди Тоҷикистон бо зани рус, мақомоти Русия аз домодшавандаи муҳоҷири тоҷик мехоҳанд, собит кунад, ки дар ватан ҳамсари дигар надорад.
Гуфтанист се соли охир раванди аз шаҳрвандии Тоҷикистон даст кашида, рӯ ба шаҳрвандии кишварҳои ғайр овардани атбои Тоҷикистон меафзояд.
Дар соли 2017 тибқи маълумот аз расонаҳои русӣ 29039 нафар шаҳрванди Тоҷикистон соҳиби шаҳрвандии Русия шудаанд, ки дар қиёс бо панҷ соли пеши соли 2012 шумори тоҷиконе, ки соҳиби паспорти русӣ шудаанд, се баробар зиёд аст.
Дар маҷмӯъ дар давоми 20 соли охир аз рӯи омори расмӣ то 600 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон соҳиби шиносномаҳои русӣ шудаанд, ки бархе аз онҳо мақоми душаҳрвандӣ доранд.
Ҳамчунин бояд қайд кард, ки дар соли 2019 аз 884 нафаре, ки шаҳрвандии Қирғизистонро пазируфтаанд, 535 нафари онҳо зодагони Тоҷикистон буданд.
Тибқи баъзе маълумотҳои дарёфтӣ дар соли охир наздик ба 300 нафар атбои Тоҷикистон соҳиби шиносномаи кишвари Украина шудаанд.
Илова бар иддае зиёде аз шаҳрвандони Тоҷикистон баъди соли 2015 талаби паноҳандагӣ кардаанд. Илҳомҷон Ёқубов, раиси Асотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ба Паём гуфт, ки теъдоди тоҷикистониён, ки чор соли охир сукунат дар Аврупоро ихтиёр кардаанд, аз 10 ҳазор нафар убур мекунад.
Ин коршиноси тоҷик сабаби асосии тарки зиндагӣ дар ватан кардани Тоҷикистониёнро дар набудани ҷои кор, адами ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, шароити бади иқтисодӣ, таъқиби тоҷирон ва андозбандии беш аз ҳад зиёд медонад.