Дар ҳоле, ки тарафдоронаш аз ободкории Рустами Эмомалӣ дар Душанбе ҳарф мезананд, писари раисҷумҳур ягона ободкорие, ки ба нафъи мардум аст, пулакӣ кардааст. Вуруд ба чанд боғи истироҳатии пойтахт пулакӣ шуда, ин раванд идома дорад.
Дар ҳоли ҳозир вуруд ба боғҳои ба номи Садриддин Айнӣ, Фирдавсӣ, Умари Хайём ва Боғи ботаникии пойтахт пулакӣ буда, сокинон барои ворид шудан ба онҳо бояд 2 сомонӣ пардохт кунанд.
Маблағситонӣ барои вуруд ба боғи истироҳатӣ аз иқдомҳои камназир дар дунё аст. Аслан боғҳои истироҳатӣ аз ҳисоби буҷа бунёд мегарданд ва бунёду нигаҳдории он аз масъулиятҳои ҳукумат назди шаҳрвандон маҳсуб мешавад.
Ба назар мерасад иқдомҳои “ободкоронаи” шаҳрдори Душанбе барои ба даст овардани фоида гирифта шудаанд. Шералӣ Раҳмонов, мудири шӯъбаи ободонии шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтааст, “боғҳо низ бояд манфиат биёранд. Вақте фоида оварданд, аз ҳисоби худ нигаҳдорӣ мешаванд ва ин ба буҷет ёрӣ мешавад.”
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз ин иқдомӣ шаҳрдорӣ ба ғазаб омадаанд. “Вуруд ба Душанберо ҳам пулакӣ кунед”, навиштааст яке аз корбарони фейсбук.