Рубрики Хабарҳо

Эъломи омодагии Баҳрайн барои пайвастан ба эътилофи дарёии Амрико

Давлати Баҳрайн аз омодагии Манома барои ҳузур дар маъмурияти дарёии байналмилалии Амрико бо ҳадафи барқарории амнияти дарёнаврдӣ дар минтақаи Халиҷ хабар дод. 

Давлати Баҳрайн бо интишори баёниае эълом кард: Ҳамд ибни Исо Оли Халифа, подшоҳи ин кишвар дирӯз пас аз дидор бо генерал Кунт Мекензи Ҷуниор, фармондеҳи нерӯҳои маркази Иёлоти муттаҳидаи Амрико эълом кард, ки Манома омодааст то дар маъмурияти дарёии байналмилалии Амрико бо ҳадафи барқарории амнияти дарёнавардӣ дар Халиҷ ширкат кунад. 

Гуфтанист, дар моҳи июн ду нафткаш дар дарёи Уммон ва дар наздикии тангаи Ҳурмуз дучори ҳариқ шуданд. Амрико ва пас аз он Англистон эълом карданд мустанадоти доранд, ки Эрон омили ин ҳамла аст. Вазири тиҷорати Ҷопон (Япония) низ эълом кард ин нафткашҳо ҳомили маҳмулаҳои муртабит бо ин кишвар будааст. 

Фармондеҳи маркази Иёлоти муттаҳида низ видеое аз як қаиқи гаштӣ мутааллиқ ба Сипоҳи посдорони Эрон мунташир карда ва иддао кард, ки ин қаиқ дар дарёи Уммон дар ҳоли ҷамъовари минаҳои мунфаҷир нашуда дар наздикии яке аз нафткашҳои мавриди ҳадаф қарор гирифта буд. 

Амрико дар авоили моҳи май “барои муқобила бо таҳдидоти Эрон” нови ҳавопаймобари ҷангии “Абраҳам Линколн”-ро ба ҳамроҳи чаҳор фарванди ҷангандаи бомбафкани Б-52 ба минтақа эъзом кард. 

Минтақаи худмухтори Ҷабалутториқ вобаста ба давлати Бритониё дар 4 июли соли ҷорӣ як нафткаш бо номи “ГИРИС-1”-и Эронро ба далели нақзи таҳримҳои иттиҳодия Аврупо алайҳи Сурия тавқиф кард. 

Дар ҳамин ҳол нерӯи дарёии Сипоҳи посдорони Эрон дар таърихи 19 июл нафткаши “STENO IMPERO”-и Англистонро дар тангаи Ҳурмуз тавқиф кард. Теҳрон далели ин иқдомро адами риояти қавонини байналмилалии дарёӣ тавассути нафткаши мазкур дар тангаи Ҳурмуз эълом кардааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *