11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Қиммати нафт метавонад ба хотири худравҳои барқӣ ба 10 доллар бирасад

Бар асоси як пажӯҳиш, агар худравҳои барқӣ битавонанд дар рақобат бо моторҳои бензинӣ ва дизелӣ барои худ ҷо боз карда ва фарогир шаванд, қиммати нафт метавонад дар дарозмуддат ба ҳудуди 10 доллар суқут кунад. Ин амр албатта аз соли 2025 оғоз мешавад. 

Бонки бузурги фаронсавӣ BNP Paribas дар яке аз пажӯҳишҳои худ ташреҳ кардааст, ки густариши ҳар чӣ бештари энержиҳои таҷдидпазир ва фарогир шудани эҳтимоли худравҳои барқӣ, санъати нафтро таҳдид мекунад. Бар асоси ин гузориш, дар ин сурат мумкин аст қиммати нафт дар дарозмуддат то як бушка 9 ё 10 доллар суқут кунад. 

Ба гузориши сайти “Ахбори иқтисодии Олмон”, Морк Луис, раиси пажӯҳишҳои муртабит бо мудирияти мондагории сармояҳои табиии BNP Paribas, мӯътақид аст, ки тавони рақобати моторҳои бензинӣ ва дизелӣ дар муқоиса бо худравҳои барқӣ ба шакле бевақфа ва бозгаштнопазир дар ҳоли коста шудан аст. Ба гуфтаи ин мақоми бонки BNP Paribas, ин амр паёмадҳои густурдае ҳам барои тасмимгирандагони сиёсӣ ва ҳам барои ширкатҳои бузурги нафтӣ дорад. 

Морк Луис ҳамчунин мӯътақид аст, ки бо дар назар гирифтани маҷмӯаи таҳаввулот дар ин замина метавон ба ин натиҷа расид, ки энержиҳои таҷдидпазир метавонанд аз паси рақобат бо нафт баромада ва ҷойи худро дар бозори иқтисодӣ боз кунанд. 

Ин мақоми BNP Paribas ҳамчунин иддао мекунад, ки ҳатто агар ҳазинаҳои эҷоди зерсохтҳоеро ҳам, ки барои роҳандози як шабакаи худравҳои барқӣ лозим аст дар назар бигирем, боз ҳам тавони рақобати энержиҳои таҷдидпазир боиси коҳиш қимати нафт хоҳад шуд.

Ба гуфтаи Морк Луис, санъати нафт то кунун таҳдиде ҷидитар аз энержиҳои таҷдидпазир дар иртибот бо худравҳои барқиро ба худ надидааст. Афзун бар ин, интиқоли содатари барқ ба нисбати сӯхти моеъ низ амри мусалламе аст, ки ба равнақи ҳар чӣ бештари худравҳои барқӣ кумак мекунад. 

Ин мақоми бонки фаронсавӣ ҳамчунин таъкид мекунад, ки энержиҳои таҷдидпазир билқувва метавонанд ҷойгузини ҳудуди 40 дарсад аз тақозои ҷаҳонии нафт шаванд. 

Ба гузориши сайти “Ахбори иқтисодии Олмон”, бо вуҷуди ин санъати нафт дар шароити кунунӣ ҳанӯз аз як мазияти муҳим дар рақобат бо энержиҳои таҷдидпазир бархӯрдор аст. Дар ҳоле, ки нафт 33 дарсад аз содироти энержии ҷаҳон дар соли 2018-и мелодиро ба худ ихтисос дода, энержиҳои барқи ҳосил аз бод ва хуршед танҳо се дарсад аз содироти энержии ҷаҳонро дар муддати мушобеҳ ташкил додаанд. 

Илова бар ин, натанҳо худравҳои барқӣ ҳанӯз гаронтар аз худравҳои дизелӣ ҳастанд, балки ин вазъият ба эҳтимол то соли 2025 низ идома хоҳад дошт. Тоза пас аз соли 2025-и мелодӣ таҳаввули мавриди назари BNP Paribas рух хоҳад дод. Ба гузориши сайти “Ахбори иқтисодии Олмон”, набояд ин нуктаро низ аз назар дур дошт, ки танишҳои мавҷуд дар Ховари Миёна метавонанд боиси афзоиши қимати нафт то ҳатто “беш аз 300 доллар” шаванд.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *