Рубрики Хабарҳо

Нишасти изтирории ҳавопаймое, ки ба Хуҷанд парвоз мекард

Ҳавопаймои ширкати “Уралские авиалинии” ки аз самти Санкт Петербург ба Хуҷанд парвоз мекард, ба фурудгоҳи Колсоваи Екатеринбург нишасти изтирорӣ анҷом дод

Тавре Хабаргузории русии Новости иттилоъ додааст, ҳавопаймо пас аз бархӯрд бо селаи паррандаҳо маҷбур гардид дар фурудгоҳи Колсова фурӯд ояд.

Маълум гардидаст, ки ҳавопаймо бо 193 мусофир аз он ыумла 22 кудак ва чаҳор халабон аз шаҳри Санкт- Петербург самти Хуҷанди Тоҷикистон парвоз дошт.

Аснои фуруди изтирорӣ ҳеҷ нафар аз мусофирон ва халабонон осеб надидаанд.

Гуфта мешавад, ки пас азназаргузаронии ҳавопаймо коршиносон ягон зарари ҷиддиро дарёфт накарданд ва ҳавопаймо ба парвози худ идома дод.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *