Рубрики Хабарҳо

КАНАДА

Дар бузургии масоҳат Канада баъди Русия ҷойгоҳи дуюмро ишғол мекунад. Ин давлат дар Амрикои Шимолӣ воқеъ гаштааст ва аз самти ҷануб, шимол ва ғарб бо ИМА, инчунин бо давлатҳои Гренландия ва Сен-пйер ва Микелон ҳамсоякишвар аст.  Савоҳили самти шимолии кишвар бо оби Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ низ шуста мешаванд. Соҳили тарафи ғарбашро Уқёнуси Ором ва шарқашро Уқёнуси Атлантика мешӯяд. Масоҳаташ 9 985 000 км², пойтахташ шаҳри Оттава, ки зиёда аз 1 миллион аҳолӣ дар худи пойтахт зиндагӣ мекунанд. Саршумори аҳолии кишвар 37, 06 миллион, забонҳои расмии давлатӣ англисӣ ва фаронсавӣ мебошад. Воҳиди асъори миллӣ доллари Канада аст. Рӯзи истиқлолият 1-уми июл, шурӯъ аз соли 1867 ҷашн гирифта мешавад. Аз соли 1949 узви ташкилотҳои НАТО ва Созмони Миллали Муттаҳид мебошад. Коди телефони давлат +1. Сохти давлатдориаш Монархияи парламентарист. 

Канада ба даҳгонаи давлатҳои ҷиҳати иқтисоди ривоҷёфтаи дунё  шомил аст. Пойтахташ Оттава солҳои 20-уми асри 19 таъсис ёфта буд. Аз соли 1867 пойтахти кишвар аст. То соли 1854 бо номи Байтаун маъмул буд. Ду донишгоҳи машҳури дунё дар ин шаҳр аст, ки яке бо забони англисӣ ва дувуми бо забони фаронсавӣ дарс меомӯзанд. Дар шаҳри Торонто, ки ин ҳам яке аз шаҳрҳои калонтарини Канада мебошад, 3,9 миллион нафар одамон зиндагӣ мекунанд. Мавзеъҳои куҳантарини таърихӣ, ки намуде аз сарвати давлатӣ маҳсуб меёбанд, бештар дар шаҳрҳои  Монреале ва Квебеке ҷойгиранд. Канада — дарвозаи доимо боз барои сайёҳони тамоми дунёст, ки ҳамасола бештар дар фасли тобистон баҳри тамошои манзараҳои назаррабо ва хусусан барои бо чашми худ дидани шаршараи оламшумули Ниагара меоянд. Ин шаршараи ғайриоддӣ аз баландии 50-метр бо суръати баланд ба замин мерезад. Боғҳои истироҳатии бешуморе дорад, ки ғайри табиати нотакрори наботот, боз ҳайвоноти нодире монанди хирси сафед, бабр, бизон ва ғайраро вохӯрда мумкин аст. 

Дини мардуми таҳҷойи насронист.  Фаронсавӣ-Канадоиҳо шохаи католикии дини насрониро гаравидаанд. Англисҳои Канада протестантиро. Ислом ҳам чун дар дигар давлатҳои мутарақии дунё ин ҷо рушди ҳаматарафа дорад. Масалан, агар маълумотро аз гугл пурсед, чунин бармеорад, ки дар Канада айни ҳол 88 адад масчид фаъолият дорад, аммо дар асл ҳоло хеле зиёд аст. Чунки ҳар як коллеҷу донишгоҳу донишкадаҳо намозгоҳи алоҳидае бо кулли шароит доранд.  Ҳанӯз марказҳо ва мактабҳои исломиро нашуморида, шумори масҷидҳо аз маълумоти гугл зиёд мешавад. Дар як худи шаҳри Торонто 20 адад мактаби исломӣ фаъолият доранд. Илова бар ин курсҳо, академияҳо, ҷамъиятҳо низ дарҳои бози фаъолияту омӯзиш барои мусалмононанд.  

Иқтисодиёт

Айни ҳол Канада дар ҷадвали рушди иқтисодӣ миёни давлатҳои мутараққӣ  дар даҳгонаи беҳтаринҳост. Албатта дар ин самт таъсири давлати ҳамсоя ҳам мерасад, чунки дар як сол ба миқдори зиёда аз ним миллиард доллар танҳо байни ИМА ва Канада додугирифти мавод суръат мегирад. Ба унвони як ҷомеъаи саноатии сарватманд ва пешрафта бо иқтисоди беш аз як трилион доллар ин давлат ба ИМА шабоҳат  дорад. 

Пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ, рушди назарраси истеҳсолот, истихроҷи маъдан ва хизматрасонӣ кишварро аз қисми зиёди иқтисодиёти кишоварзӣ ба навъи саноатӣ ва шаҳрӣ табдил дод.Канада бузургтарин таъминкунандаи хориҷии ИМА бо  нафт, газ, уран ва нерӯи барқ мебошад. 

Беҳтарин молҳои содиротии Канада нафти хом ба миқдори  (54,1 миллиард доллар), автомобилҳо (46,5 миллиард доллар), маҳсулоти нафтӣ (11,5 миллиард доллар), қисмҳои эҳтиётии мошин (10,4 миллиард доллар) ва гази нафт (10,2 миллиард доллар) бо истифода аз 1992 таҷдиди таснифи HS (Системаи ҳамоҳангшуда) Воридоти асосии он мошинҳо (28,5 миллиард доллар), мошинҳои боркаш (15,6 миллиард доллар), нафт молҳо (12,1 миллиард доллар), нафти хом (10,8 миллиард доллар) ва компютерҳо (7,19 миллиард доллар) мебошанд.Беҳтарин самтҳои содиротӣ Канада, Иёлоти Муттаҳида (274 миллиард доллар), Чин (18,4 миллиард доллар), Япония (9,7 миллиард доллар), Мексика (8,1 миллиард доллар) ва Британияи Кабир (7,47 миллиард доллар) мебошанд. Сарчашмаҳои беҳтарини воридотӣ ИМА (149 миллиард доллар), Чин (50 миллиард доллар), Мексика (22 миллиард доллар), Олмон (12,3 миллиард доллар) ва Ҷопон (11,7 миллиард доллар) мебошанд.Маҷмӯи маҳсулоти дохила дар як сол  1,65 триллион долларро ташкил дода, ки ин миқдор ба сари ҳар нафар аҳолӣ 48 443 доллар рост меояд. Оилаи миёнаҳоли коргар дар як сол ба ҳисоби миёна 25 ҳазор доллар даромад дорад. Сатҳи бекорӣ дар ин ҷо ҳамагӣ 7 % ро ташкил мекунад. 

Дар истеҳсоли қувваи барқ низ Канада баъди давлати Норвегия ҷойгоҳи дуюмро ишғол намудааст. наздики 20% қувваи барқ дар нерӯгоҳҳои атомӣ истеҳсол мешавад.  Илова бар ин захираи бузурги нафту газ низ дорад, уран, тилло, нуқра, мис ва синк низ ба таври назаррас истихроҷ мешавад. 

Мавқеи хосеро дар истеҳсоли киштиҳои авиатсионӣ, қатораҳо ва дигар намуд техникаҳои хушсифат дар бозори ҷаҳонӣ дорад. Хоҷагии деҳот дар парвариши ғалладонагиҳо ва ҷорводорӣ, истеҳсоли гӯшту шир, парандапарварӣ, ва дигар самтҳо ривоҷи назаррасе дорад. 

Акнун як қатор маълумотҳои аҷиб дар бораи ин давлат: Сарҳади Канада ва ИМА дарозтарин марзи миёни ду кишвар дар дунёст. Дарозии он ба 8 891 км мерасад. 

Рӯзи парчами Канада санаи 15-уми феврал ҷашн гирифта мешавад. Канада саводноктарин давлати дунё маҳсуб меёбад, зеро нисф зиёди мардуми он маълумоти олӣ доранд. Маълум, ки донишмандонаш қадршиносӣ мешаванд. Як миллиону сесад ҳазор нафар мардуми Украин дар Канада зиндагӣ мекунанд. Шумораи кӯлҳои дар Канада вуҷуддошта аз кӯлҳои дар тамоми дигар давлатҳо буда, зиёдтар аст. Дар як худи Онтарио 250 000 адад кӯли оби ширин вуҷуд дорад. Баъди Арабистон ва Ванесуелла дар бузургии захираи нафт, Канада ҷойи сеюмро мегирад.

Рақами мошини канадоиҳо сурати хирси сафед аст. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *