Рубрики Хабарҳо

Пасвоёни гуруснаи “Пешво”. Ё чӣ гуна қарсакзанҳои раисҷумҳур ба оши 1-тоннагӣ дарафтоданд

Ба дасти Паём наворе расид, ки аз то чӣ ҳад гурусна будани тими қарсакзани раисҷумҳури Тоҷикистон ҳикоя мекунад. Дар маъракаи расмӣ, назди меҳмонхонаи бузург, ки тибқи иттилоъи масъулинаш он замон 21 хориҷӣ онҷо сукунат доштанд, мардум чунон ба деги ош ҳуҷум кардааст, ки ҳафтаҳо гуруснагӣ кашидааст. 

Ёдатон бошад, охири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки раисҷумҳур  Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи сафари кориаш ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ба фаъолияти Меҳмонхонаи «Суғдиён» оғози расмӣ бахшида шуд. Ҳамчунин дар ҳошияи ифтитоҳи ин Меҳмонхона, бахшида ба иди харбуза, фестивали оши палав ҳам доир шуда, раисҷумҳур аз дегҳои оши палави 500 килоию яктоннагӣ дидан карда буд. 

Корбарони Радиои Паём ба мо як навореро аз анҷоми фестивали оши иди Харбуза дар Хуҷанд фиристоданд, ки  дар он дида мешавад, анбӯҳи одамон болои деги оши яктоннаӣ бо ҳар васила, яке бо даст дигаре бо зарфи шишагии банка,  коғазу чӯб халта, барои худ ош мегиранд. Дида мешавад, чунон мардум ба дег ҳуҷум мекунанд, ки гумон мекунӣ чанд рӯзи охир дар куҷое онҳоро гуруснаву ташна нигоҳ дошта бошанд. 

Ҳамагӣ чанд дақиқа қабл аз ин талошӣ шудани ош, раисҷумҳури Тоҷикистон аз ин ду деги бузург дидан карда буд. Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳар нуқтаеро, ки сафари раисҷумҳур ба он ба назар гирифта шудааст, аз як моҳ қабл омода месозанд. Тамоми масоии бехатарӣ ба назар гирифта мешавад ва роҳ ёфтани ҳатто як нафар шахси дар чашми мақомоти амниятӣ шубҳанок дар замони ҳузури раисҷумҳур ғайриимкон аст. 

Рӯйхати ширкаткунандагон дар вохӯрӣ бо раисҷумҳур ҳам ҳамеша яксон аст: он иборат аст аз ҳамон гурҳи қарсакзан, ки дар тамоми вохӯриҳо раисҷумҳурро ҳамроҳи мекунад ва гурӯҳи муайяни балегӯёни маҳаллӣ, ки асосан аз кормандони ҳукумат интихоб мегардад. Имкони роҳ ёфтани мардуми оддӣ ба ҳамин маъракаи ошпазӣ ҳам бинобар масоили амниятӣ бисёр кам аст. Бо гумони ғолиб, онҳое, ки ба деги ош бо ин шева ҳуҷум карданд, ҳамон гурӯҳи қарсакзани пасвоён ё кормнадони ҳукумати маҳаллӣ ҳастанд. Ҳамонҳое, ки аз Масчоҳ якхалтагӣ картошка ва аз Зафаробод ҳатто кӯрпачаҳои зерашонро бардошта бурдаанд.

Нуктаи ҷолиби ин масъала ин аст. ки зимни ин таҳоҷум ба деги ош, дар меҳмонхонаи “Суғдиён” (собиқ “Ленинобод, ки таъмир шудаву ном иваз кардааст), тибқи гуфтаи масъулинаш, 21 нафар хориҷӣ ҳузур доштаанд. Имкони зиёде вуҷуд дорад, ин меҳмонон, ки ба дидани “биҳишти рӯи замин” омадаанд, мушоҳида кардаанд, мардумони биҳишт чӣ қадар гуруснаанд.

Бояд гуфт, ҳамингуна ҳуҷум ба ош соли гузашта моҳи ноябр дар шаҳри Душанбе низ шуда буд. Он вақт Ҳукумати шаҳри Душанбе беназмиҳо дар “Фестивали оши палав” дар пойтахтро “таассуфовар” хонда  гуфта буданд, дар пайи ин ҳодиса як гурӯҳ аз сокинон, ки дар ин беназмӣ даст доштанд, муҷозот шуданд.

Аммо кормандони Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ, ки масъули назорати тартибу низом дар ин ҷашнвораи серодам буданд, аз шарҳи мавзӯъ ва ба ҷавобгарӣ кашидани омилони ин беназмӣ худдорӣ карда буданд. Акнун ин дафъа ҳам омилони ин бетартибӣ ёфт намешаванд. Чун аз руи таҳлил дониста мешавад,  гуруснаҳо ва қаҳрамонони ин ошталош, пеш аз ҳама худи нозирони тартибот ва дуру наздики онҳо ҳастанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *