Нархи орд дар Тоҷикистон аз марзи 200 сомонӣ гузашта, боис ба нигаронии сокинон шудааст. Тоҷирон камчинии орд дар Қазоқистон ва афзоиши қурби долларро далел пеш меоранд. Дар Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон болоравии нархи ордро тасдиқ карданд. Мақомот гуфтанд, ин масъаларо баррасӣ доранд.
Орд аз маҳсулоти асосии истеъмолӣ барои аҳолии Тоҷикистон ба шумор меравад. Рӯзи 4-уми сентябр аз чанд ноҳияи кишвар хабар расид, ки як халтаи 50-килоии орде, ки то ду ҳафта пеш 180 сомонӣ нарх дошт, ҳоло ба 210 сомонӣ расидааст.
Дар бозорҳои Душанбе низ нархи як халта орде, ки то чанд ҳафтаи пеш 165-175 сомонӣ буд, феълан 185-195 сомонӣ ва дар баъзе аз ҷойҳо то 200 сомонӣ аст.