Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон фармон дод, ки теъдоди кормандони дастгоҳи марказии Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод коҳиш дода шавад
Бар асоси фармони раисиҷумҳур, ки Эмомалӣ Раҳмон моҳи август имзо кард, теъдоди кормандони дастгоҳи марказии Ожонси мубориза бо фасод кам карда шуда, 209 нафар муқаррар гардид. Қаблан ин нишондод 222 нафарро ташкил медод ва бар асоси фармони ҷадиди раисиҷумҳур шумораи кормандони дастгоҳи марказӣ ба 209 нафар расонда шуд.
Феълан шумораи умумии кормандони Ожонси зидди фасод 479 нафар, аз ҷумла 209 нафар барои дастгоҳи марказӣ муқаррар шудааст.
Ожонси зидди фасод, моҳи январи соли 2007 бо фармони раисиҷумҳур таъсис ёфта, дар аввал теъдоди воҳиди корӣ барои ин ниҳод 587 адад муқаррар шуда буд.
Чанд сол қабл Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амният, зимни таҳлили фаъолияти Ожонси зидди фасод, аз коргарони ин ниҳод шадидан интиқод намуда, изҳор дошт, ки худашон даст ба фасод мезананду бо корхонаҳое, ки мавриди санҷиш қарор медиҳанд, вориди савдо мешаванд.
Эмомалӣ Раҳмон дастур дода буд, ки раёсат дар интихобу таъини кормандон дар Ожонси мубориза бо фасод дақиқкор бошанд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид намуда буд, ки мардум бояд ҳаракату даромаду зиндагии ҳамаи мо-хизматчиёни давлатиро донад.