Кохи сафед бо интишори баёнияе эълом кард, нерӯҳои низомии худро аз шимоли Сурия хориҷ мекунад. Ақибнишинии нерӯҳои Амрико ба иллати ҳамлаи қарибулвуқуъи Туркия эълом шудааст. Трамп ва Урдуғон дар ин иртибот бо якдигар тамос телефонӣ доштаанд.
Раҷаб Тайииб Урдуғон ва Доналд Трамп дар мавриди амалиёти низомии Туркия дар Сурия бо якдигар гуфтугӯ кардаанд. Мавзӯъи тамоси телефонии ду тараф, эҷоди минтақаи ҳоили амният дар шимоли Сурия аст.
Дафтари риёсатҷумҳури Туркия аз адами пешрафти гуфтугӯҳои ду кишвар бар сари эҷоди ин минтақаи амн ибрози нохурсандӣ кардааст.
Ба гузориши хабаргузории Рейтерз, Урдуғон нисбати ба ин мавзӯъ, ки дар ростои иҷроӣ кардани тавофуқ перомуни эҷоди чунин минтақае аз моҳи август то кунун иқдоме сурат нагирифтааст, дар гуфтугӯи худ бо Трамп забон ба эътироз кушодааст.
Туркия эҷоди ин минтақаро барои ҳифозати худ аз таҳдидҳои ягонҳои мудофеъи халқии Сурия зарурӣ медонад. Афзун бар он, эҷоди чунин минтақае ба бовари Урдуғон метавонад заминаҳои бозгардондани оворагони сурӣ ба кишвари худашонро фароҳам созад.
Туркия ва Амрико дар иртибот бо бӯҳрон ва ҷанги дохилӣ дар Сурия аз ду сиёсати мутафовите пайравӣ мекунанд. Дар ҳоле, ки Туркия шибҳинизомиёни курди шимоли Сурия аз ҷумла “Нерӯҳои демократики Сурия” (SDF)-ро муттаҳиди ҳизби коргарон кард (ПКК) ва “терорусти” арзёбӣ мекунад, Амрико ин гурӯҳро муттаҳиди худ медонад ва дар мубориза бо Доъиш бо ин гурӯҳ ҳамкории наздик дошт.
Ақибнишинӣ аз шимоли Сурия
Пас аз гуфтгӯй телефонӣ, шаби гузаштаи раисҷумҳурҳои Амрико ва Туркия, Кохи сафед бо интишори баёнияе аз ақибнишинии нерӯҳои низомии худ аз шимоли Сурия хабар дод. Хабаргузории Фаронса иллати ақибнишинии нерӯҳои низомии Амрико аз шимоли Сурияро ҳамлаи қарибулвуқӯъи артиши Туркия эълом кардааст.
Амрико дар айни ҳол эълом кардааст, ки аз манзари низомӣ аз ҳамлаи Туркия ба шимоли Сурия ҳимоят ва пуштибонӣ нахоҳад кард.
Рӯзи гузашта Урдуғон аз шурӯъи амалиёти низомии Туркия дар шимоли Сурия хабар дода буд. Туркия бар он аст то бо эҷоди минтақаи амн ҳудуди ду миллион овораи суриро дар ин минтақа мустақар кунад.
Гуфта мешавад, ки раисҷумҳури Туркия тасмим дорад дар иртибот бо бӯҳрони Сурия дар моҳи ноябр бо Доналд Трамп дидор ва гуфтугӯ кунад.
Хабари дидори раҳбарони ду кишвар аз сӯи Урдуғон эълом шудааст. Ин дар ҳоле аст, ки Кохи сафед ҳанӯз ин хабарро таъйид накардааст.