Вазири умури хориҷаи Покистон гуфтааст, ки Эрон ва Арабистони саудӣ нишон медиҳанд, ки қасд доранд ихтилофоти миёни худро аз роҳи дипломосӣ ҳал кунанд. Нахуствазири Покистон ба тозагӣ бо сарони ҳарду кишвар дидор кардааст.
Шоҳ Маҳмуди Қурайшӣ, вазири умури хориҷаи Покистон, рӯзи чаҳоршанбе 16 октябр гуфт шавоҳиде дар даст аст, ки нишон медиҳанд Эрон ва Арабистони саудӣ моиланд ихтилофоти миёни худро аз роҳи гуфтугӯ ҳал кунанд.
Вазири хориҷаи Покистон тавзеҳи бештаре надод аммо мавзеъи оштиҷӯёнаи ду кишварро натиҷаи сафари Умронхон, нахуст вазири Покистон ба Эрон ва Арабистон донист.
Умронхон ба тозагӣ бо ҳадафи миёнҷигарӣ аз ҳар ду кишвар дидор карда ва сарони онҳоро ба ҳали ихтилофот аз роҳи гуфтугӯ ташвеқ кардааст.
Оё Умронхон метавонад байни Эрон ва Арабистон миёнҷигарӣ кунад?
Умронхон якшанбеи гузашта ба Эрон ва ду рӯзи баъд, сешанбе 15 октябр ба Арабистони саудӣ сафар кард ва дар Риёз бо Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди бонуфузи ин кишвар ба гуфтугӯ нишаст.
Таниши миёни ду кишвари бузурги минтақаӣ собиқаи дерин дорад, аммо ба тозагӣ бо ҳамалоти мушакӣ ба саноеъи нафти Арабистон ба авҷ расидааст.
Доналд Трамп, ки Эронро дар паси ҳамла ба саноеъи нафти Арабистон (ARAMKO) медонад, нахуст вазири Покистонро ба миёнҷигарии миёни ду кишвари рақиб тарғиб карда буд.