Мақомоти Хатлон азм доранд, ба хизмати давлатӣ бештар ҷавонони ятим ва онҳоеро ҷалб кунанд, ки тибқи квотаи президентӣ таҳсил кардаанду ихтисосманданд
Ғазалшоҳ Сафарзода, роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, 30 октябр бо роҳбарони дастгоҳҳои раисони шаҳру навоҳии вилоят ва мудирони шуъбаҳои ташкилию кор бо кадрҳо масъалаи ҷобаҷогузории кадрҳоро баррасӣ кард.
Бештар ҷалб намудани ҷавонони ятими кул ба хизмати давлатӣ ва онҳое, ки тибқи квотаи президентӣ дар мактабҳои олӣ таҳсил кардаву ихтисосманданд, аз мавзӯъҳои меҳварии мулоқот будааст.
Ғазалшоҳ Сафарзода, изҳор доштааст, ки ҳар як хизматчии давлатӣ бояд бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ вазифаи худро иҷро кунад.
Як коршиноси масоили иҷтимоӣ, ки нахост номаш ифшо шавад гуфт, ҷалби ятимон ба хизмати давлатӣ аз як ҷониб амали сутуданӣ аст, аммо ин амал таҷрибаи нав нест, балки тули солҳост, пиёда шудааст. Ҳукумат солҳост, ки аксари онҳоеро, ки дар интернатҳо таҳсил ва макотиби олӣ хатм кардаанд, ба корҳои давлатӣ хусусан ба фаолиятҳои волонтерӣ ҷалб мекунад. Бештар, ин нафарон, ки оғуши гарми модар ва ғамхории падар надида, тибқи идеологияи сиёсии ҳукумат ба воя мерасанд, ҳукумат аз ин ҳолати равонии онҳо истифода мекунад ва ба корҳои сиёҳ онҳоро машғул месозад. Шиканҷаи бераҳмона ва фишор болои гумонбаршудагон ба ҷиноят низ аз ҷониби ҳамингуна ашхосе амалӣ мешавад, ки раҳм чист сарфаҳм намераванд.