Рубрики Хабарҳо

Урдуғон: Кишварҳои сарватманд дар имтиҳони муҳоҷирон рад шуданд

Раҷаб Тайииб Урдуғон, раисҷумҳури Туркия гуфт кишварҳои тавсеаёфта ва сарватманди ғарбӣ ва бархе кишварҳои арабӣ дар озмуни буҳрони муҳоҷирон рад шуданд. 

Раҷаб Тайииб Урдуғон, раисҷумҳури Туркия дар гуфтугӯ бо хабарнигорон дар Женева, ки барои ширкат дар нахустин нишасти ҷаҳони паноҳҷуён дар ин шаҳр ҳузур дошт, гуфт: “Кишварҳои тавсеаёфта ва сарватманди ғарбӣ ва бархе кишварҳои арабӣ дар озмуни буҳрони муҳоҷирон рад шуданд.” 

Урдуғон ҳамчунин дар иртибот бо минтақаи амн изҳор дошт: “Ҳатто кишварҳое, ки ба лиҳози иқтисодии бисёр қудратманд ҳастанд ҳанӯз иқдоме накарда ва сукут ихтиёр кардаанд”. 

Вай афзуд: “Агар муваффақ ба эҷоди (минтақаи амн) шавем ба унвони улгу дар таърих сабт хоҳад шуд. Хоҳанд гуфт, ки “шаҳр ё шаҳрҳои паноҳҷуёнро Туркия сохт”. Ин нуктаи бисёр муҳимме аст”. 

Урдуғон дар идома изҳор дошт: “Мушкилоти ҷаҳонӣ танҳо бо ҳамкориҳои ҷаҳонӣ ҳал мешавад, фирори кишварҳо аз буҳрони муҳоҷират мушкилро аз байн намебарад” 

Вай ҳамчунин дар бораи тавофуқи ахир бо Либия низ гуфт: “Равандеро, ки миёни Туркия ва Либия дар ҷараён аст суръат хоҳем бахшид, дар сурати ниёзи ҳар лаҳза омодаи кумак ба ин кишвар ҳастем”.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *