Баҳриддин Камолиддинов, устоди факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва аз забоншиносони шинохтаи кишвар дар синни 84-солагӣ аз бемории COVID-19 даргузашт. Наздиконаш мегӯянд, ин донишманди тоҷик як ҳафтаи ахир аз бемории ҳамагири COVID-19 ранҷ мекашид ва асосан дар хона табобат мегирифт.
Ба гуфтаи наздикони ин профессор, ҷасади ӯро дар қабристони «Сариосиё»-и Душанбе дар канори ҳамсараш дафн карданд. Гулнора Камолиддинова, духтари 53-солаи забоншиноси шинохта ҳам як рӯз қабл вафот кардааст ва марги ӯ низ аз сирояти коронавирус гуфта мешавад.
Дӯстони Баҳриддин Камолиддинов гуфтанд, баъзе аз аъзои дигари оилаи ӯ низ беморанд. Маълум нест, ки ин беморӣ аз кӣ ба онҳо сироят кардааст.
Баҳриддин Камолиддинов 8-уми октябри соли 1935 дар деҳаи Понғози ноҳияи Ашт таваллуд шудааст. Ӯ баъди хатми факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳозира ДМТ) корро ба ҳайси ассистенти кафедраи забони тоҷикии ин донишгоҳ шуруъ кардааст. Соли 1966 рисолаи номзадӣ ва соли 1988 рисолаи докториашро дифоъ намуд.
Сообщение ПАЁМ.net.