Котиби генералии СММ Антониу Гуттереш мегӯяд, то ҳол ягон ваксина барои рафъи пурраи маризии коронавирус мавҷуд нест.
Ба изҳори Антониу Гуттереш, хуруҷи коронавирус аз зери назорат берун мешавад. Хадамоти ахбори СММ аз қавли Котиби генералии ин созмон хабар медиҳад, ки айни замон барои амнияти ҷаҳонӣ пандемия «таҳдиди рақами аввал» аст.
Гуттереш мегӯяд, шумораи умумии қурбониёни ин маризӣ ба зудӣ марзи 1 миллион нафарро убур мекунад.
Котиби генералӣ таъкид кард, ки ҳарчанд бисёриҳо ба ваксина умед бастанд, аммо то ҳол барои пандемия нӯшдору вуҷуд надорад. Вай афзуд, ки ваксина худ ба худ буҳронро рафъ намекунад.
Гуттереш инчунин зикр кард, ки воситаҳои табобати ин беморӣ бояд нархи дастрас дошта бошанд.
Қаблан роҳбари Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Адан Гебрейесус гуфта буд, ки доруе, ки битавонад COVID-19 -ро маҳв намояд, вуҷуд надорад. Ба гуфти ӯ раҳоии абадӣ аз коронавирус, сарфи назар аз умедвориҳои калон ба ваксинаи муассир ғайриимкон аст.