Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико бо эъломи поёни расмии “маъмурияти размӣ” дар Ироқ дар поёни соли ҷорӣ гуфт, “марҳалаи ҷадиде” дар муносиботи кишвараш бо Бағдод шурӯъ мешавад. Дар ҳоли ҳозир ҳудуди 2500 сарбози амрикоӣ дар Ироқ ҳузур доранд.
Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар садад аст ба маъмуриятҳои размии худ дар Ироқ то поёни соли ҷорӣ ба сурати расмӣ поён диҳад.
Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико бо эъломи ин матлаб дар дидораш бо Мустафо Козимӣ, нахуствазири Ироқ дар Кохи Сафед таъкид кард, ки аз ин пас “марҳалаи ҷадиде” дар муносиботи ду кишвар оғоз мешавад.
Ба гуфтаи ӯ, меҳвари ин марҳалаи ҷадид ҳамкориҳое аст, ки бояд бар омӯзиш ва кумакҳои машваратӣ ба артиши Ироқ мутамаркиз шавад.
Байден гуфт, Амрико ҳамчунон аз мубориза бо терроризм ҳимоят хоҳад кард. Ў аммо равшан насохт, ки дар ин сурат чӣ теъдод аз нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ боқӣ хоҳанд монд.
Тибқи додаҳои расмӣ, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 2 ҳазору 500 сарбози амрикоӣ дар Ироқ ҳузур доранд. Бахши бузурге аз низомиёни Амрико дар ҳангоми риёсатҷумҳури Доналд Трамп аз Ироқ хориҷ шуданд.
Нерӯҳои Иёлоти муттаҳида дар замони Ҷорҷ Буш, раисҷумҳури собиқи ин кишвар дар соли 2003 ба Ироқ эъзом шуданд.
Эъзоми ин нерӯҳо пас аз он оғоз шуд, ки Амрико режими Садом Ҳусайн, раисҷумҳури вақти Ироқро ба доштани силоҳҳои куштор ҷамъе муттаҳам кард: Силоҳҳое, ки баъд аз суқути Садом ҳаргиз дар ин кишвар кашф нашуд.