Аҳмад Ваҳиди Мужда, маъруф ба Ваҳид Мужда, рӯзноманигор, нависанда, шоир ва таҳлилгари сиёсии афғон дар қарибии сафорати Русия дар Кобул кушта шудааст.
Нусрат Раҳимӣ, сухангӯи вазорати корҳои дохилаи Афғонистон, хабари вафти Ваҳид Муждаро дар сафҳаи “Фейсбук”-аш тасдиқ карда навишт, ки ин куштор соати панҷи шоми дирӯз, 20 ноябр анҷом шудааст.
Тибқи маълумоти расонаишуда, Ваҳид Мужда мехост ба тарафи масҷид барои адои намоз биравад ва дар ҳавзаи 7 – уми Кобул, соҳаи наздики сафорати Русия ба шаҳодат расидааст.
Фахриддин Холбек, рӯзноманигори тоҷик, ки бо Ваҳид Мужда робитаи дӯстӣ дошта, чандин бор ҳам бо у дидор кардааст, дар саҳифаи фейсбукиаш бо изҳори тасаллият навишт, ҳеҷ касе ба дараҷаи Ваҳиди Мужда аз фаъолиятҳои созмонҳои террористии Ал-қоидаву “интернатсионали террористӣ” – аш, аз ҷумла ҷангиёни Осиёи Марказӣ дар Афғонистон огоҳ набуд.
Пас аз суқути Толибон ӯ фирор накард, аммо ҳеҷ гоҳ ба ҳукуматҳои пасотолибонӣ низ напайваст. Ҳеҷ гоҳ худӣ нашуд ва ҳеҷ гоҳ таҷовузи ватанашро низ напазируфт. Аммо як таҳлилгари огоҳ ва ҳушёр ҳамеша боқӣ монд.
Гуфтанист Аҳмад Ваҳиди Мужда солҳои ҳаштоди асри гузаштаи милодӣ узви Ҳизб исломии Гулбиддин Ҳикматёр буд, ки дар кумитаи фарҳанги ин ҳизб кор мекард ва узви ҳайати таҳрири нашрияи “Шаҳодат” буд. Мужда дар он солҳо аз нависандагони маъруфи муҷоҳидин дар Пешовар шумурда мешуд. Ӯ сипас аз Ҳизби исломӣ фосила гирифт ва равобити наздик бо Иттиҳоди исломӣ ба раҳбарии Абураб Расули Сайёф ва сипас Ҷамъияти исломии Бурҳонуддини Раббонӣ барқарор кард. Пас аз суқути ҳукумати Доктор Наҷибуллоҳ то сентябри соли 1996 дар ҳукумати Раббонӣ корманди вазорати хориҷа буд, ки Кобул ба дасти Толибон суқут кард ва ӯ дар вазорати хориҷа ба кораш идома дод ва бо Толибон равобити наздик барқарор кард.
Дар замони Толибон Ваҳиди Мужда дар раёсати сеюми вазорати корҳои хориҷии Афғонистон шӯъбаи Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъро раҳбарӣ мекард.
Ваҳид Мужда соли 1955 мелодӣ дар вилояти Бағлони Афғонистон таваллуд шудааст. Мактаби “Ҳабибия” – и Кобул ва Донишгоҳи Кобулро дар риштаи сиёсатшиносӣ хатм кардааст. Муаллифи китоби “Афғонистон ва панҷ соли Толибон” аст, ки пас аз суқути режими Толибон нашр шудааст.