Рубрики Хабарҳо

“Толибон” бузургтарин гурӯҳи даҳшатафкан эътироф шуд

Тибқи гузориши Global Terrorism Index 2019, ки онро пажӯҳишгоҳи Institute for Economics and Peace нашр кард, ҳаракати ҷангҷӯи “Толибон” қаттолтарин гурӯҳи даҳшатафкан давоми соли 2018  дар ҷаҳон эътироф шуд. 

Бино ба гузориш, соли 2018 аз дасти толибон 6 ҳазору 100 нафар кушта шудаанд, ки 70 дар сад зиёдтар аз соли 2017 аст. Созмони даҳшатафкани ба ном Давлати исломӣ дар куштори як ҳазору 300 кас даст доштааст, ки чандин маротиба нисбат ба соли 2017 камтар аст.

Шумори амалҳои содиршуда аз ҷониби ҷангиёни созмони даҳшатафкани ба ном Давлати исломӣ  низ кам шудааст. Муаллифони гузориш онро ба амалиёти муваффақона зидди ин гурӯҳи ҷангҷӯ рабт медиҳанд, ки мавқеашон дар Ироқу Сурия торумор карда шуд.

Соли 2018 дар маҷмӯъ 15 ҳазору 900 нафар қурбони терроризм шудаанд, ки шумори ҳалокшудагон нисбат ба соли 2017 тақрибан 15 дар сад камтар мебошад.

Соли 2018 шумори қурбониён дар Афғонистон зиёд шудааст ва 7 ҳазору 300 нафар, тақрибан 60 дар сад зиёдтар нисбат ба соли пешинро ташкил додааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *