Соли 580-и мелодӣ дар шаҳри Маккаи Арабистони Саудӣ ба дунёи ҳастӣ чашм кушода, соли 642 дар шаҳри Димишк вафот кард. Маҳалли дафнаш мавзеи Бобус-сағир ба ҳисоб меравад.
Дар бораи зиндагии Билоли Ҳабашӣ то давраҳои дини мубини исломро пазируфтанаш маълумоти қазоие дар даст нест. Аз маъхазҳои таърихӣ чунин бармеояд, ки аз қабилаи Бани Ҷумак буд ва исми модараш Ҳамома, падараш Абӯрабоҳ ёдоварӣ шудааст. Падараш ҳам ғулом буд. Аз чӣ бошад, ки дар баъзе маъхазҳо насабашро ба номи модар мувофиқ гирифтаанд, яъне Билол ибни Ҳамома. Ҷойе дигар ибни Абӯрабоҳ ҳам дучор меояд. Билоли Ҳабашӣ ҳам маълум, ки аввал ғулом буд ва Абӯбакр ибни Абиқафоҳа ӯро харида аз ғуломӣ озод кард. Қабл аз ӯ Зайд ибни Ҳориса низ аз бардагоне буд, ки дини исломро пазируфта буд. Билоли Ҳабашӣ пас аз озодӣ ба пайғамбар пайваст ва ходиму корпардози ӯ шуд. Дуруд бар равони поки расули Худо. Ӯ нахустин муаззини ислом аст. Садои гуворову ҷарангосӣ ва дилнишине дошт. Расули Худо (дуруд бар равонашон) хеле дӯсташ медоштанд ва сайиду сарвари ҳабашиёнаш мешумориданд.
Дар рӯзи фатҳи Макка ӯ ҳамроҳи Муҳаммад (дуруд бар равонашон) вориди ин шаҳр шуд ва дар ин ҷо низ ӯ нахустин касе буд, ки азон гуфт. Ин касб наздики даҳ сол бар дӯши Билол буд, аммо пас аз вафоти дўстдоштааш Паёмбари гиромӣ тоқати дар Мадина истоданро накард ва ба назди халифаи аввали мусалмонон ҳазрати Абубакр (р) омад ва гуфт: Эй халифаи Паёмбари Худо! Ман аз Расули Худо (дуруд бар равонашон) шунида будам, ки мегуфт: «беҳтарин амали мӯъмин, дар роҳи Худо баромадан аст…» Абубакр (р) гуфт: чӣ гуфтан мехоҳӣ, эй Билол? Гуфт: мехоҳам дар роҳи Худо бароям, то ин ки аҷал бар сари ман биояд. Абубакр (р) ғамгин шуд ва гуфт: пас кӣ барои мо азон мегўяд эй Билол? Ашк аз чашмони Билол (р) сарозер шуд ва гуфт: ман пас аз Паёмбари Худо барои касе дигар азон намегўям… Абубакр (р) гуфт: аз суханат баргард ва барои мо азон бигу.. Билол (р) ғамгин шуд ва гуфт: эй Абубакр! Агар ту маро аз ғуломӣ барои он харида бошӣ, ки зери фармони ту бошам, пас бо ду дида сухани туро мепазирам, аммо агар маро барои Худо озод карда бошӣ, пас маро ба ҳолам гузор. Абубакр (р) аз шунидани ин сухан ашк аз чашмон сарозер шуд ва гуфт: балки туро барои Худо озод карда будам. Билол тушаи роҳро гирифт ва ба сўи Шом роҳсипор шуд ва чанд солеро дар роҳи Худо онҷо сипарӣ намуд. Ў дар бораи худ мегуфт: ман пас аз вафоти Паёмбари Худо (дуруд бар равонашон) дигар тоқати истодан дар Мадинаро надоштам. Ҳар гоҳ ў мехост азон бигўяд, пас аз расидан ба «Ашҳаду анна Муҳаммада-р-расулуллоҳ» овозаш дар гулў печ зада ба гиря меомад. Аз ин сабаб буд, ки дигар тоқати истодан дар Мадинаро надошт ва ба сўи Шом рафт.
Пас аз гузашти солҳо Билол (р) Паёмбари Худоро дар хоб дид, ки мегуфт: «Ин чӣ дурӣ аст, эй Билол! Туро чӣ шудааст, ки ба зиёрати мо намеоӣ?» Билол ғамгин гашт ва дарҳол ба сўи Мадина роҳсипор шуд. Ў ба назди қабри Паёмбари Худо (дуруд бар равонашон) омад ва онҷо нишаст ва аз гиря худро дошта наметавонист. Ҳасан (р) ва Ҳусайн (р) ба назди Билол омаданд ва Билол онҳоро ба оғӯш гирифта, мебӯсид. Ҳасан ва Ҳусайн (р) гуфтанд: мо бисёр пазмони шунидани овози ту шудаем, аз ту мехоҳем бомдод барои мо азон бигуӣ. Билол гуфт: эй фарзандони Паёмбари Худо (дуруд бар равонашон) Ман чорае надорам, магар ин ки хости шуморо бипазирам. Бомдод Билол (р) болои масҷид баромад ва бо овози дилнишин ва шинохтае, ки солҳо онро аҳли Мадина нашунида буданд, гуфт: «Аллоҳу акбар- Аллоҳу акбар». Ҳама ҳайратзада шуданд ва чун гуфт: «Ашҳаду ал-ло илоҳа иллаллоҳ» Мадина ба ларза омад. Вақте ба «Ашҳаду анна Муҳаммада-р-расулуллоҳ» расид, ҳама занҳои Мадина аз хонаҳо берун омаданд, ки ҳеҷ гоҳ чунин рўзи пургиряе, пас аз вафоти Паёмбари Худо (с) дида нашуда буд. Билол пас аз зиёраташ боз ба сўи Шом баргашт.
Ҳамчунин вақте Умар (р) аз Шом дидан менамуд, баъзе аз мусалмонон аз ў хостанд Билол (р)-ро водор намояд то барояшон як бор азон бигўяд. Умар (р) Билол (р)-ро ба наздаш хонд ва чун вақти намоз расида буд, хост азон бигўяд. Билол болои баландие баромад ва азон гуфт. Саҳобагоне, ки бо Билол (р) дар вақти ҳаёти Паёмбари Худо дар Мадинаи Мунаввара буданд, ҳама ба гиря омаданд, ки ҳеҷ гоҳ чунин пазмонӣ ва гиря дар онҳо дида нашуда буд, ҳатто худи Умар (р) аз ҳама бештар ба гиря омад. Вақте марг ба ў фаро расид, ҳамсараш Ҳола бинти Авф, хоҳари Абдураҳмон ибни Авф болои сараш нишаста буд ва гиря мекард. Билол (р) гуфт: «гиря накун… фардо ба дидори дўстон, Муҳаммад ва ёронаш мушарраф мешавем»…
Дар бораи зиндагиаш дар замони хулафои рошидин ахборе то мо омада нарасидааст. Маъхазҳо таъкид намудаанд, ки Билоли Ҳабашӣ дар байни шиаён низ мақоми баланд дошт ва Имом Алӣ ӯро аз ҷумлаи баргузидагони асҳоби пайғамбар медонанд. Мавриди зикр аст, ки роҷеъ ба кунияаш низ ихтилоф дида мешавад. Дар баъзе манбаъҳо Абуабдулло, дар баъзеи дигараш Абуабдулкарим омадааст. Аммо муҳим ин ки чун Билоли Ҳабашӣ номаш дар дили мӯъминон боқӣ мондаву муҳаббаташ бар пешвои мӯъминон арзандаи таҳсин буд.
Соима Саидӣ