Рубрики Хабарҳо

Ҳамлаи ҳавоии Амороти муттаҳидаи арабӣ ба Либия

Як фарванд паҳподи Амороти муттаҳидаи арабӣ, ки аз шибҳинизомиёни Ҳафтар ҳимоят мекунад, Академияи нерӯи ҳавоии Либия дар шаҳри Мисуратаро бомбаборон кард. 

Мустафо Ал-Амҷаъӣ, сухангӯи амалиёти “Биркон-ал-ғазаб” вобаста ба давлати ваҳдати миллии Либия ба хабаргузории Анотули гуфт: як фарванд паҳподи Амороти муттаҳидаи арабӣ, ки аз шибҳинизомиёни халифа Ҳафтар ҳимоят мекунад Академияи нерӯи ҳавоии Либия дар шаҳри Мисуратаро 2 бор ҳадаф қарор додааст. 

Вай бо баёни ин ки ҳамалоти мазкур хисороти ҷоне надоштааст изҳор дошт: Рӯзи гузашта нерӯҳои шаҳри Мисурата дар ҳимоят аз давлати вифоқи Либия басиҷи умумӣ эълом кардааст. 

Гуфтанист Халифа Ҳафтар фармондеҳи шибҳинизомиёни шарқи Либия чанд рӯз пеш эълом кард, ки ҳамлаи сарнавиштсозе дар Троблус анҷом хоҳад дод. Ў дар таърихи 4 апрели гузашта аз оғози амалиёт барои тасарруфи ин шаҳр хабар дод. 

Ягонҳои вобаста ба Шӯрои риёсатҷумҳурии давлати ваҳдати миллии Либия, ки тавассути Созмони милал ба расмият шинохта шудааст, дар вокуниш ба ин таҳаррукоти низомии Ҳафтар амалиёти “Биркон-ал-ғазаб”- ро оғоз карданд. 

Тибқи омори Созмони милали муттаҳид, бар асари даргириҳо дар Либия, ки аз моҳи апрел то кунун идома дорад, беш аз 1000 нафар ҷони худро аз даст дода ва болиғ бар 5000 тан дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *