Аввалин иқдоми домоди Раҳмон пас аз ронда шудани “Золотая Корона”: намояндаҳояшро назди муҳоҷирон фиристодааст
Ҳамагӣ пас аз ду ҳафтаи таъсиси “Маркази миллии протсессингӣ” аз тарафи Бонки Миллӣ (хонда шавад Ҷамолиддин Нуралиев) домоди раисҷумҳур намояндаҳояшро ба Русия фиристодааст, то муҳоҷионро ба фиристодани пул тариқи “Спитаменбонк” таблиғ кунанд. Спитаменбонк ба домоди раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, ноиби раиси Бонки Миллӣ Ҷамолиддин Нуралиев таъаллуқ дорад.
Тибқи иттилоъи манобеъи Паём, намояндагони Спитаменбонк дар шаҳрҳои Русия бо муҳоҷирон мулоқот анҷом медиҳанд ва онҳоро ба фиристодани маблағҳо тариқи ин бонк таблиғ мекунанд. Онҳо мегӯянд интиқоли пул тавассути Сбербанки Русия ба кортҳои Спитаменбонк комилан ройгон аст ва суръаташ ҳам хуб мебошад.
Намояндагони Спитаменбонк гуфтаанд муҳоҷирон метавонанд аз Спитаменбонк корт гиранд ва тавассути Сберанки Русия маблағҳояшонро ба ин кортҳо интиқол диҳанд. Аммо ба ин суол, ки оё муҳоҷирон метавонанд пулҳояонро бо рубл ё доллар гиранд ва агар наметавонанд бо кадом қурб мегиранд, посухҳои гуногун додаанд. Ҳамчунин гуфта натавонистаанд, ки чанд муддат истифодабарандагони корти Спитаменбонк метавоананд маблағҳошонро ройгон интиқол диҳанд.
Барои мисол, тибқи иттилоъи як манбаъ, дар шаҳри Воронеж, ки намояндагони “Спитаменбонк” бо муҳоҷирои корӣ дар як қаҳвахона вохӯрӣ анҷом додаанд, ба суоли як муҳоҷир, ки муддати хидмати ройгони Спитаменбонк чӣ қадар аст, посух додаанд, ки намедонанд. Ба суоли дигар, ки чаро “Золотая Корона” аз бозори интиқоли пул ба Тоҷикистон ронда шуд, намояндагони Нуралиев посух додаанд, ки ин шабака бозорро монополия карда буд ва барои бехатарии интиқолҳо хавф дошт. Аммо ба ин суол, ки ҳоло чаро худи Нуралиев онро монополия карда мехоҳад ҳамаи интиқолҳо тавассути бонки шахсии худаш интиқол ёбад, посух надодаанд.
Муҳоҷирон аз намояндаи Нуралиев пурсидаанд, дар ҳоле, ки банкоматҳои Спитаменбонк ҳамин ҳоло пул надоранд, чӣ гуна миллиардҳо долларро метавонанд ба мардум пардохт кунанд? Онҳо посух додаанд, ки “мо ҳамаашро ба ҳисоб гирифтаем ва имкони пардохти пулҳоро дорем”.
Қаблан Ҷамолиддин Нуралиев гуфта буд, ки Маркази протсессингӣ бо ҳадафи ҳимоят аз манофеъи муҳоҷирин таъсис дода шудааст. Аммо инак аз посухҳои намонядагонаш, ки ба Русия рафтаанд бармеояд, ки ҳадаф гирифтани ин бизнес зери қаноти бонки шахсии худаш Спитаменбонк будааст.
Дар аввалин рӯзҳои роҳандозии ин марказ, коршиносон гуфта буданд, ки зери ин иқдом манофеъи шахсии омоди раисҷумҳур нуҳуфтааст ва имкон дорад дар натиҷаи ин иқдом бӯҳрони шадиде дар соҳаи интиқоли пул роҳ афтад. Ин пешбинии коршиносон дуруст баромад ва ҳоло ду ҳафта аст, ки миллионҳо доллари мардум дар шабакаҳои интиқоли пул ва бонкҳо дармондааст ва худашон дар ду ҷониб саргардонанд.
Ба муштариёне, ки барои гирифтани пулҳояон дар бонкҳо ҷамъ шудаанд чанд баҳона пеш меоранд: дар системаи интиқол садамаи техникӣ, рух додааст, пулатон ҳанӯз нагузаштааст, коди интиқол хатост ва ғайра. Тибқи иттилоъи як манбаъи Паём, то имрӯз танҳо 30%-и муштариён дар Тоҷикистон тавонистаанд пулҳои интиқолдодаи пайвандонашонро дарёфт кунанд.
Як манбаъ, ки нахост номаш ифшо шавад ба Паём гуфт, бо мушкили зиёд додани пулҳои мардум бо ибтикори Маркази тавтаъсиси протсессингӣ ва фармони мустақими Ҷамолиддин Нуралиев сурат мегирад. Домоди раисҷумҳур амдан гирифтани интиқолҳоро мушкил гардондааст, то тавонад бонки шахсӣ ва системаи кортиашро ба майдон оварад ва муҳоҷиронро водор ба интиқоли пул тавассути бонки худаш созад.
Паём аз тамоми хонандагонаш хоҳиш мекунад дар сурати шоҳиди чунин вохӯриҳои намояндагони Нуралиев шудан, онро сабт намуда бо рақами + 49 15 16 46 15 947, тавассути паёмакрасонҳои Ватсам, Имо, Вайбер ва Телеграм ба мо ирсол намоянд.