Рубрики Хабарҳо

ҲКТ ба парлумон 5 номзад пешниҳод кард

Меъроҷ Абдуллоев, раиси Ҳизби комунисти Тоҷикистон эълом каард, ки ин нерӯи сиёсӣ дар Тоҷикистон пас аз нокомӣ дар интихоботи парлумонии соли 2015, 5 нафарро ба ҳавзаи якмандатаи интихоботӣ  барои ширкат дар интихоботи парлумонии аввали моҳи марти соли 2020 муаррифӣ кардааст.

Дар ин рӯйхат номи Меъроҷ Абдуллоев ва Ҳабибуллоҳ Ёров аз рӯзноманигорони саршиноси Тоҷикистон дида мешавад.

Ҳамчунин шаш намояндаи Ҳизби комунисти Тоҷикистон ба таври пешбарӣ барои ширкат дар интихоботи парлумонии аввали марти соли 2020 Тоҷикистон муаррифӣ шуданд.

Раёсати Ҳизби комунисти Тоҷикистонро пас аз истиқлоли кишвар ба муддати 25 сол Шоди Шабдлов бар уҳда дошт.

Исмоил Талбаков пас аз Шабдлов муддати кутоҳе раиси ин ҳизб шуд ва дар пайи фавти вай дар соли 2017 акнун Меъроҷ Абдуллоев раиси Ҳизби комунисти Тоҷикистон аст.

Агар дар даврони раёсати Шоди Шабдалов Ҳизби комунисти Тоҷикистон бо барномаҳои ҳукумати ин кишвар мухолифат мекард, акнун Меъроҷ Абдуллоев мегуяд, ки ин гуруҳи сиёсӣ ҳамсӯ ва ҳамназар бо сиёсатҳои давлат аст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *