Рубрики Хабарҳо

Эълони тазоҳурот дар Берлин алайҳи сафари Раҳмон

Мухолифин ва фаъолони сиёсии муқими Аврупо эълон кардаанд рӯзи 25 март дар Берлин алайҳи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо гирдиҳамоии эътирозӣ барпо хоҳанд кард. Аз тоҷикони муқими Аврупо дархост шудааст дар ин гирдиҳамоӣ ширкат кунанд.

Дар ин эълон омадааст:

Қарор аст Эмомалӣ Раҳмон диктатори Тоҷикистон ба кишварҳои демократӣ сафар намуда, ин кишварҳоро ҳомии сиёсати саркубгаронаи ҳукумати хонаводагии худаш муаррифӣ карда, саркубҳои худро машруъ ва табиӣ ҷилва диҳад.
Қатли омми мардуми Бадахшон, зиндонӣ кардани фаъолони сиёсиву ҳуқуқӣ ва ба солҳои тулонӣ маҳкум шудани хабарнигорон дар чанд моҳи охир ҳама далели худкомагӣ ва саркубгарии ҳукумати Раҳмон ҳастанд. Сафари ӯ ба Аврупо маънои машруъият бахшидан ба густариш додани ин амалҳо ҳастанд.
Бинобарин аз тамоми шаҳрвандони Тоҷикистони муқими Аврупо барои эътироз ба ин сафари Раҳмон ва ҳамчунин эътироз ба истирдоди мухолифини режими Раҳмон ба Тоҷикистон даъват менамоем, ки ба гирдиҳамоии мо дар Берлини Олмон бипайванданд.

Замон: 25. 03. 2023
Макон: Шаҳри Берлин

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *