11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Назари хонанда: Ислоҳот дар вазорати дифоъ

Таҷрибаи солҳои охир нишон дода медиҳанд, ки аксари ҷавонон ба сафи артиш тавассути “облава” ҷалб мешаванд. Кормнадони комиссариати ҳарбӣ онҳоро дар кӯчаву бозор нақлиёту ҷои кор ва ҳатто ҷойгаҳи хобашон дастгир карда ба хизмат дар артиш мефиристанд. Вале дере нагузашта ҷасади беҷони баъзеи онҳоро ба падару модар бе ягон шарму ҳаё бо дурӯғҳои бофтаю сохта месупоранд. Ва ё баъзеи онҳо як умр ба монанди Шаҳбоз Мирзоев маъюб мемонанд. 

Оиди “облава”-и масъулони камисариати ҳарбӣ ва номояндагони кормандони вазорати дохилӣ метавон даҳҳо мисол ва намунаҳои зиштро инҷо ёдовар шуд. На танҳо ҷавонони синну соли даъватшаванда ҳатто духтарон, марди шастсола, талаба ва муаллимони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, ҷавононе, ки қаблан  хизмати сарбозиро адо кардаанд , донишҷӯ ва ҳатто шаҳрвандони хориҷӣ тавассути ин “одамрабоиҳои расмӣ” “облава“ шудаанд. Имсол “облава” ба дараҷаи олияш расонида шуд, ки худ огоҳ ҳастед.

Суол инҷост, ки ин раванд то ба кай идома хохад ёфт?

Аслан масъулин ва мақомотҳои зирабт аз худ чаро намепурсанд, ки дар тули 28 сол бо чӣ далелҳо ҷавонони тоҷик намехоҳанд ихтиёрӣ хизмати сарбозиро анҷом диҳанд?

Чунки камбудии ғизо, набудани сару либоси муносиб, таҳқиру озору азияти онҳо аз тарафи афсарон ва сарбозон ва дар умум ҳамчун ғулом муносибат кардан бо наваскарон дар артиш ба таври густурда вуҷуд дорад.

Аммо мушкилии  асосие, ки боиси гурези ҷавонон аз хидмати ҳарбӣ мебошад, ҳамоно вуҷуди “меҳтарсолорӣ” ва ё ҳамон “дедовшина” аст, ки аз замони Шуравӣ мерос монда ва то ба имрӯз ҳалли худро намеёбад. Ҳамин “дедевшина”аст, ки даҳҳо ва шояд аз ин бештари ҷавонон  шиканҷа, лату кӯб ва таҳқиру озори ”дед ” – ҳоро таҳамул карда натавониста ба худкушӣ ва ё ба куштани тарафи муқобил даст мезананд. Худкушии сарбоз Исфандиёри Мирзоҳасан дар 19.01.2019 далели рӯшани ин гуфтаҳост. Ҳодиса аз руйи овозаҳо “худкушӣ” ном гирифта, шустани ҷанозаи марҳум ва кафан кардани ӯ  низ дар хонаи падарӣ иҷозат дода нашудааст, ки худ муаммо мебошад. 

21- уми августи соли 2019 ҷасади сарбози 21 сола  Ҳадиятилло Тағоевро (истиқоматкунандаи қишлоқи Сомониён ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара) ба падару модар супоридаанд. Вале чӣ хел фавтидааст маълум нест! Бар асоси гузоришхои расмии охир, дар солхои 2014 – 2016 , 59 сарбоз шиканҷа шуда, 11 – нафар ҳалок гардидааст. Ин шумораи расмии расонаӣ шудаи ин ҳаводис мебошад, ки дар асл ба маротиб бештар аст.

Рӯзи 24.07.2019 Меҳроби Анӯшервон дар интернет мақолае, бо номи “Мутамарказии муттаҳам” нашр намуд. Сухан оиди ҳодисаҳои нохуши деҳоти Ворух ва Оқсойи ҷумҳурии Қирғизистон меравад. Муаллиф чунин шарҳ медиҳад: Ҳамчуноне, ки дар баҳори соли  ҷорӣ ( 2019 ) ба пайвандони кушташудагони ноҳияи Исфара ягон нафар аз масъулин изҳори ҳамдардӣ баён накарда, балки бо хатми моҷаро мардуми бумии марзи кишварро ба шӯъбаи корҳои дохилӣ даъват карда, мавриди истинтоқ қарор додаанд. Афзун бар ин, волидони муҳоҷирони меҳнатӣ аз Ворухро, ки дар сӯги шаҳидони худ сиёҳпуш шуда буданд, чӣ зан ва чӣ мард ба шӯъбаи корҳои дохила бурда дар таҳхонаи” ИВС ” маҳкам карданд ва шарт гузоштанд, ки писаронатон аз Русия омада ба хидмати аскарӣ меравад, он гоҳ Шумо озод хоҳед шуд. Ҳам бонги хатар ва ҳам бонги изтироб шабакаҳои иҷтимоӣ ва байналмиллалиро фаро гирифт, аммо то фарзандони ворухӣ барнагаштанд ва “аскари ихтиёрӣ” нашуданд, волидони онҳоро раҳо накарданд.  Ин ҳолат на танҳо дар Ворух балки дар Чоркӯҳ ҳам такрор шуд. Яъне “облава” ба зулм табдил дода шуда, даъватшавандагонро аз ҷои хоб, ҳавлӣ, кӯча, аз дохилӣ маршруткаҳо, автобусҳо ва дар ҳар куҷое ёфтанд қапида бурданд. Магар зулм нисбати миллати худ, аз ин сангинтару сахттар мешавад?! 

Дар Тоҷикистон шумораи даъватшавандагон хеле зиёд аст. Мувофиқи маълумоти давлатӣ зиёда аз 600 000 нафарро ташкил медиҳад, аз ҷумла 150 000 нафар ҳуқуқи таъхирро (отсрочка) доранд. 

Аз ин лиҳоз, фикру андешаҳои худро,  бар иловаи пешниҳодоти Муҳиддин Кабирӣ ва дарназардошти вазъи иқтисодӣ ва ҳуқуқии Вазорати дифоъ ироа менамоям:

а) Дар синну соли даъватшаванда ба Сарқонуни Ҷумҳурӣ тағйирот ворид намуда, синни даъват ба сафи артиш аз 19 сола то 26 сола муайян карда шавад;

б) Шумораи ҳамаи даъватшавандаҳои аз 19 то 26-сола, моҳи январи ҳар сол дар сомонаи расмии Ҳукумат,  Вазорати дифоъ ва Сарраёсати комиссариати ҳарбӣ ворид карда шуда, аз болои ин рӯйхат ҳам Вазорати мудофиа ва ҳам Сарраёсати комиссариати ҳарбии вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ назорат баранд. Яъне миқдори даъватшавандаҳо барои ҷомеаи шаҳрвандӣ маълум бошад;

в) Тамоми ҷавонон бояд ба Ватан хизмат кунанд ва ё саҳмгузор бошанд. Ҷавононе, ки хизмат мекунанд, ба онҳо имтиёзҳои иҷтимоӣ дода шавад. Масалан:  

 –  пас аз хизмати ҳарбӣ  берақобат ба шӯъбаҳои буҷавии донишгоҳу донишкадаҳо қабул карда шаванд

 –  қитъаи замин барои  сохтмони манзил дода шавад; 

 – Кӯмаки молӣ ба миқдори  1000 сомонӣ дар давоми хидмат дода шавад ( аз кадом ҳисоб дар зер меорам ) 

г) Касоне, ки хизмат кардан намехоҳанд маблағи муайяне ба ҳисоби вазорати дифоъ гузаронанд. Мисол дар соли аввал муродифи 1000 доллари амрикоӣ. Агар дар соли аввал шумораи пулсупорандагон зиёд шавад, дар соли дуюм каме, маблағ  зиёд карда мешавад. (Шумораи хоҳишмандон ба сафи хизматкунандагони артиши миллӣ зиёд шавад, дар навбат меистанд. Вале аз саҳм гузоштан, озоданд, то шаш моҳи оянда, ягон корӣ арзанда ёбад ва ё ба донишгоҳ дохил шавад, маблағи муайян шударо месупоранд ). Ҳамагӣ дар тӯли ду сол, ду маротиба пул месупоранд. Ин таҷриба дар бисёри давлатҳо ҳаст. Дар кишвари ҳамсояи Узбекистон, дар Туркия кормандони санъат 24- руз хизмат мекунанд ва 1000 евро ба буҷаи давлат пул мегузаронанд, пас озод. Ва дар бисёри давлатҳои дигар чунин таҷриба ҳаст. 

д) Ташкили қисми ҳарбии сохтмонӣ. Қисми ҳарбии махсус, бо мутахассисон ва техникаҳои навтарини сохтмонӣ таҷҳизонида шуда бо шумораи на кам аз 500 нафар сарбозон ва афсарон ташкил карда шавад. Мақсад ва вазифаи ин қисми ҳарбӣ бо сохтани иншоотҳои ҳарбӣ, ҷамъиятӣ – иҷтимоӣ ва хонаҳои истиқоматӣ барои кормандони Вазорати мудофиа сару кор мегиранд. Дар навбати аввал ба аз нав сохтани мактабҳои фарсудашуда, ба монанди  мактаби рақами 27-и ноҳияи Балҷувон, мактаб-вагони ноҳияи Рудакӣ ва ғайра. Дар вақти даъват кардан, ба ин қисми ҳарбӣ, хоҳишмандон, то қадри имкон таҷрибадории соҳаи сохтмонро ба инобат гирифта шавад, то ки дар оянда дар ҳамин қисми ҳарбӣ кору фаолият кунанд. Вале бояд, ҳамаи зинаҳои сарбозон то сардори қисми ҳарбӣ сохтмончӣ бошанд. Ба аскарон аз рӯи корҳои иҷро шуда то 50% музд пардохт карда шавад, то ки аскарон бо дили гарм кору фаъолият кунанд. 

е) Дар назди артиши миллӣ, ташкили қисми ҳарбии чорводорӣ – фермаҳои бузурги ширию гӯштӣ. Ташкили чунин соҳа барои Вазорати дифоъ на он қадар мушкил аст. Ҳукумати ҷумҳурӣ барои ташкили фермаҳои ширию гӯштӣ дар назди Вазорати дифоъ, аз ҳисоби заминҳои бекорхобида, заминҳои аз кор баромада, поймаҳои (наздики) дарёҳо ва ғайра, бояд замин ҷудо намояд. Вазорати дифоъ қувваи корӣ, техникаи зарурӣ ва тавоноии рушди ин соҳаро  дорад. Танҳо афсаронро самаранок истифода бурдан лозим аст. Намояндаҳои Вазорат бо масъулини заводҳои пахтатозакунӣ, равғанкашӣ, ордкашӣ оиди хӯрокаи чорво шартномаҳо мебанданд. Вазорат бо кӯмаки Ҳукумати ҷумҳурӣ ва аз ҳисоби маблаги даъватшавндаҳо, дар соли аввал на камтар аз 500 сар, модаговҳои зотӣ харидорӣ менамоянд. Вақти ташкили фермаҳои ширию гӯштӣ, минтақаҳои ҷойгиршавии сарбозон, наздикии ашёи хом (ему хошок), роҳи нақлиёти автомобилгард, шаҳрҳои калони саноатӣ ба назар гирифта шавад. Пас аз 2 – 3 сол моли гӯштӣ ба роҳ монда мешавад, ки ин қисмҳои ҳарбиро  бо гӯшт таъмин мекунад. Фермаҳои ширию гӯштӣ то ҳадде расонда шавад, ки ба пуррагӣ Вазорати дифоъ худкифо шавад. Сохтани заводи шир ҳам, дар назди фермаҳои ширию гӯштӣ набояд аз назар дур бошад;               

ё) Дар он қисми ҳарбие, ки бе ягон сабаби давлатӣ ва ё бемории рӯҳӣ, сарбозон даст ба худкушӣ мезананд ва ё аз тарафи ҳамхизматон кушта мешаванд, ба масъулини қисми ҳарбӣ ҷазои қатъӣ дода шавад. Яъне дар он қисмҳои ҳарбие, ки ҳодисаи маргбор ба вуҷуд меояд, масъулини он аз артиши миллӣ берун карда шавад. Интизом ба талаботи ҳарбӣ ҷавоб дода тавонад.                                             

 ж) Яке аз муаммоҳои имрӯза муаммои марзи Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя аст. Дар кишвар соле нест, ки машқҳои тактикии низомии мамлакатҳои Созмони Паймони Амнияти дастаҷамъӣ ( СПАД ) гузаронда нашавад. Ба фикри банда мо дар дохил машқҳои ҳарбиро кам намуда, зиёдтар ба ҳифзи марз эътибори ҷиддӣ диҳем. 

Вақте, ки Тоҷикистон аъзои  комилҳуқуқи СПАД ва ИДМ мебошад, сарҳади Тоҷикистон марзи ин созмонҳо ҳам ҳисоб мешавад. Барои ҳамин, аъзои ин созмонҳо барои ҳифзи марзи Тоҷикистон кӯмаки ҳаматарафаи молӣ, техникӣ ва ғайра расонанд. Вақте, Тоҷикистон, ба ИИАО дохил мешавад, сарҳади байни Тоҷикистону Чин ва Афғонистон, ҳам сарҳади Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъи СПАД ва ҳам ИИАО ҳисоб мешавад. Дар солҳои охир Чин, оҳиста – оҳиста, аз руи маълумотҳои ғайрирасмӣ аз ҳисоби қаламрави Тоҷикистон, 5000 км², маълумоти расмӣ 1,15 ҳазор км² соҳиб шуд. Ва дар оянда, боз ҳам даъвои қисми дигари қаламрави Тоҷикистонро дорад. 

Дигар миллатҳо барои хоки кишвари худ, ҷонашонро дареғ намедоранд. Қисса, мекунанд, ки Аҳмадшоҳи Масъуд, писаракеро дид, ки аз гуруснагӣ решаҳои хоколуди растаниҳоро мехурд. Вақте аз модари кӯдак сабаб пурсид, зан бо исрор гуфт: ” Аз гуруснагӣ хок мехӯрем, вале хокамонро намедиҳем!” Ин қаҳрамонии зан Масъудро ба гиря овард. 

Масъалаи дигар, ки мехоҳам баррасӣ кунам, ин масълаи сарбозон ва афсарони базаи ҳарбии 201 – уми артиши Русия аст. Артиши Русия  дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва Бохтар ҷойгир шуда, бо шаҳрвадони Тоҷикистон баробарҳуқуқанд. Солҳои охир Ҳукумати Русия ва вакилони Думаи давлатии он, борҳо пешниҳод карда истодаанд, ки ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистону Афгонистон дар ихтиёри онҳо бошад. Ман, як шаҳрванди Тоҷикистон, пешниҳод менамоям, ки ба хотири ҳифзи қаламрав аз Чин ва пурзӯр намудани мубориза, бар зидди гуруҳҳои террористӣ ва экстримтстӣ ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистону Афгонистон ва Чин аз тарафи артиши миллии Русия, дар сатҳи баланди ҳукуматӣ ва МН МО ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шавад. Албатта дар асоси шартномаи тарафайн. Шояд, нафароне суол диҳанд, ки истиқлолият чӣ мешавад? Ҷавоб: Дар дохили он кишваре, ки артиши кишвари дигар ҷойгир аст, истиқлолият маънои худро гум мекунад. 

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *