Рубрики Хабарҳо

Толибон ба Амрико пешниҳоди сулҳ кард

Ҳаракати “Толибон” дар Афғонистон ба намояндаи ИМА дар ин кишвар пешниҳоди оштии муваққатӣ равон карданд

Бино ба иттилои  Associated Press ҳаракати “Толибон ба намояндаи Амрико Залмай Халилзод, ҳуҷҷатеро дар бораи эълом кардани оташбаси муваққатӣ дар Афғонистон пешниҳод кардаанд.

Толибон аз амрикоиҳо 7-10 рӯзи сулҳ хостаанд.

Ин пешниҳод чун имконияти ифтитоҳи даричаи созишномаи сулҳ дар Афғонистон, ки ба Амрико имконият медиҳад, нерӯҳояшро аз хоки Афғонистон берун барорад ва ба ҷанги 18-сола хотима бахшад, арзёбӣ мешавад.

Феълан маълум нест, ин пешниҳоди “Толибон” барои эҳёи гуфтушунидҳои оштиовар басанда аст ё на.

Ёдовар мешавем, пештар гуфтушунидҳои тӯлонии фиристодаи Амрико бино бар анҷоми чанд ҳамла аз ҷониби толибон дар Кобул ва дигар шаҳрҳо қатъ карда шуд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *