Мақомоти Хатлон ба сармоягузорон замин медиҳанд. Фоида мекунад?
Як гурӯҳи корӣ аз вилояти Хатлон бо роҳбарии муовини раиси ин вилоят Умед Зоирзода ба Русия рафтааст, то соҳибкорони тоҷики муқими ин кишварро ба сармоягузорӣ дар кишвар даъват кунад.
Тибқи иттилоъи “Ховар” ба ин гурӯҳ ҳамчунин раиси ноҳияи Носири Хусрав Даврон Нишонзода, раиси ноҳияи А.Ҷомӣ Ёқубзода Саид ва муовини раиси ноҳияи Қубодиён Алӣ Тоҷиев шомиланд.
Манбаъ аз вохӯрии гурӯҳи корӣ бо “ҳамватаноне, ки дар Сибир ва минтақаҳои он кору зиндагӣ мекунанд, дар корхонаву муассисаҳо, хусусан дар корхонаи истеҳсолии “Новосибхолод”, дар Маркази саломатии “СВ ПРОФИ +” ва бо аъзои фаъолтарин ҷамъияти тоҷикони Новокузнетск дар толори васеи хонаи “Дӯстии халқҳо”-и ба номи Заволокинаи вилояти Новосибирск” хабар медиҳад.
“Зимни вохӯрӣ Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск, муовини раиси вилояти Хатлон ва дигар меҳмонону ширкаткунандагон дар бораи ободиҳои ватан, ҷалби ҳамватанон ва сармоягузориҳо барои пешрафту ободии ватан изҳори назар намуда, суҳбати муфиду самимӣ доир намуданд” – менависад “Ховар”.
Хабаргузории расмии давлатии Тоҷикистон навиштааст “аз ҷониби роҳбарияти вилояти Хатлон иқдоми наҷибе роҳандозӣ гардида истодааст. Ҳар як ҳамватане, ки хостори сохтани иншооти корӣ, маданию маишӣ ва ё варзишгоҳ аст, бо замин ва нақшаи сохтмон ройгон таъмин гардида, барои пешрафти корашон мусоидат хоҳанд кард”.
Зоҳиран мақомоти вилоят бо ин роҳ мехоҳанд ҳамватанони муқими Русияро ба сармоягузори дар кишвар ҷалб кунанд. Аммо тибқи таҳлили коршиносон гирифтани замин барои сохтани корхона мушкили калидӣ нест ва наметавонад ва эътои бепули он наметавонад сармоягузорро ҷалб кунад.
Сармоягузорон аз тафтишҳои беохир, фасод, андози зиёд ва ғасбҳои рейдерӣ бештар шикоят мекунанд.