Рубрики Хабарҳо

Дар СИЗО бемории дили Далер Шарипов хурӯҷ кардааст

Далер Шарипов, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик аз бемории дил ранч мебурдааст, ва дар тули як хафтае, ки дар боздоштгоҳи муваққатӣ ба сар мебарад, ин беморӣ хурӯҷ кардааст. 

Як манбаъи Паём иттилоъ дод, ки дар боздоштгоҳи муваққатӣ Далер аз дарди қалб шикоят карда ва вазъаш чандон хуб нест. Ӯ гуфтааст қаблан мушкиле дар қалбаш дошт ва ҳоло эҳсоси дарди бештар мекунад.

Айни замон кормандони мақомоти интизомӣ мекӯшанд аз паҳн шудани ин хабар пешгирӣ кунанд, то боиси вокуниши тунди ҷомеъа нагардад. Бинобар ин аз хурӯҷи бемории Далер наздиконаш ҳам огоҳӣ надоранд ва ҳоло дар боздоштгоҳ ӯ комилан бидуни дору ба сар мебарад. 

Тибқи маълумоте, ки Паём дастрас кард, Далер Шарипов воқеъан аз дард дар дилаш шикоят мекард ва як ташхис ҳам мушкиле дар қалбашро нишон дода буд.

Хурӯҷи беморӣ ва бад шудани вазъи беморон дар боздоштгоҳҳо, ки борҳо сабаби марги онҳо ҳам шудааст, дар Тоҷикистон зиёд воқеъ мешавад. Ба хурӯҷи аксари бемориҳо шароити ғайриинсонии боздоштгоҳҳо ва муносибати бисёр бади кормандони ин ниҳод ва ҳамчунин муфаттишон мусоидат мекунад. 

Агар Худо накарда Далер Шарипов ба яке аз ин ҳолатҳо рӯбарӯ шавад, пас масъулияти он пурра ба дӯши раҳбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон хоҳад буд.  

Қазияи Далер Шариповро созмонҳои байналмилал зери назорат гирифтаанд ва тасмим доранд тамоми навиштаҳои ӯ, аз ҷумла китобашро ташхиси холисона кунанд. 

Мутмаинан, агар вазъи саломатии Далер бадтар шавад, созмонҳои байналмилал қазияро ба додгоҳи байналмилал хоҳанд кашид. Дар ин сурат худи Саймумин Ятимов ва Юсуф Раҳмон ҳабси хонагӣ хоҳанд шуд, чун сафарҳояшон ба хориҷ бинобар имкони боздошташон ғайриимкон мешавад. 

Паём аз мақомоти Тоҷикистон  даъват мекунад ҳарчӣ зудтар рӯзноманигор, фаъоли ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва муборизи ҳуқуқи башар Далер Шариповро озод кунанд то қазия ба додгоҳи байналмилал кашида шуда, доғи дигари сиёҳе рӯи номи Тоҷикистон нашинад.  

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *