Эҳтимоли қатъи ҳамкории амниятии Ташкилоти худгардони Фаластин бо Амрико ва Исроил
Созмони ҳамкории исломӣ “тарҳи сулҳи Ховар Миёна” Трампро рад кард. Маҳмуд Аббос низ бори дигар зимни ради тарҳи Трамп таҳдид кард, ки агар Амрико ва Исроил аз “муъомилаи қарн” даст барнадоранд ташкилоти худгардони Фаластин равобити худро бо онҳо қатъ мекунад.
Рӯзи душанбе сеюми феврал Маҳмуд Аббос дар нишасти кобинаи Фаластин дар Ромулло зимни таъкид бар мухолифати худ бо “тарҳи сулҳи Ховари Миёна”-и Трамп изҳор дошт, то замоне, ки амрикоиҳо ва исроилиҳо аз тарҳи мавсум ба “муъомилаи қарн” даст барнадоранд, “мо низ кӯтоҳ нахоҳем омад”.
Раиси ташкилоти худгардони Фаластин гуфт: “Ҳанӯз як канали иртиботӣ вуҷуд дорад ва ин канал низ масдуд хоҳад шуд.”
Хабаргузории Фаронса зимни гузориши ин хабар менависад, ба эҳтимоли зиёди ишораи Аббос ба ҳамкориҳои амниятӣ аст.
Маҳмуд Аббос рӯзи якуми феврал дар нишасти изтирории Иттиҳодияи араб дар Қоҳира эълом карда буд, ки ташкилоти худгардони Фаластин дар вокуниш ба тарҳи Трамп, ки “нақзи паймони аслӣ” ба шумор меравад, тамоми равобит, аз ҷумла равобити амниятии худро бо Амрико ва Исроил қатъ мекунад.
Ӯ гуфт, ки ин мавзӯъро ба иттилоъи Бинёмин Натоняҳу, нахуствазири Исроил расондааст.
Аббос дар соли 2017 низ, пас аз тасмими Трамп барои интиқоли сафорати кишвараш ба Байтулмуқаддас таҳдид карда буд, ки ташкилоти худгардони ҳамкориҳои амниятии худ бо Исроил ва Амрикоро қатъ хоҳад кард.
Доналд Трамп рӯзи сешанбе 20 январ тарҳи сулҳи Ховари Миёнаи худро дар нишасти хабарии муштараке бо Бинёмин Нитоняҳу нахуствазири Исроил рӯнамоӣ кард. Трамп даъво дорад ин тарҳи 181-сафҳаӣ бӯҳрони 70 солаи Ховари Миёнаро поён хоҳад дод.
“Тарҳи ноодилона”
Рӯзи душанбе, дуюми феврал Созмони ҳамкории исломӣ низ тарҳи Трампро рад кард. Дар баёнияе, ки ин Созмон мунташир кард, “муъомлаи қарн” иқдоме “ноодилона” тавсиф шуда, ки “ҳади ақали ҳуқуқи қонунии фалситиниҳо”-ро ҳам дар назар нагирифтааст.
Созмони ҳамкории исломӣ аз 57 узви худ хостааст, дар иҷрои тарҳи Трамп ширкат накунанд.
Иттиҳодия араб низ дар нишасти рӯз шанбеи худ дар Қоҳира тарҳи раисҷумҳури Иёлоти муттаҳидаро “ноодилона” хонда ва мухолифати худро бо он эълом карда буд.