11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Додгоҳи Душанбе дархости озодии Далер Шариповро рад кард

Дирӯз, 4-уми феврал ба ҳимоятгарон Абдураҳмон Шарифов ва Гулгуна Шозодаева барои мулоқот бо рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик иҷозат доданд.

Адвокатҳо бо зерҳимояи худ Далер Шарифов дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон вохӯрда, вазъи саломатии ӯро қаноатбахш арзёбӣ карданд. Аммо додгоҳи шаҳри Душанбе дархости онҳоро оид ба озод кардани рӯзноманигор дар рафти тафтишоти пешакӣ рад кардааст.

Адвокатҳо изҳор доштанд “Имрӯз дар суди марҳилаи кассатсионии шаҳри Душанбе шикояти мо бо дархости озод кардани рӯзноманигор дар рафти тафтишот баррасӣ гардид. Зимнан қарори суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ оид ба ҳабси Далер Шарифов бетағйир гузошта шуд”.

Ҳимоятгарон афзуданд: “Далер дар мавриди сиҳатии худ ва ҷараёни тафтишот ягон арзу шикоят накард”.

Қаблан Паём хабар дода буд, ки рӯзноманигори боздоштшуда аз бемории қалб ва фишори хун азият мекашад. Завҷаи ӯ низ дар бораи вазъи саломатии Далер чунин навишт: “Воқеан, ӯ аз бемории дил ва фишорбаландӣ азият мекашид. Ҳамеша зери назорати духтурон қарор дошт. Албатта, бо ин қадар фишору айбдоркунӣ дигар чиро ҳам интизор шуд. Ба ҳар ҳол Худо кунад, ки хабари беасос бошаду сиҳату саломат ба наздамон баргардад”.

Намояндаи Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба масоили озодии ВАО шоми 3-юми феврал бо нашри як баёния аз ҳукуматдорони Тоҷикистон дархости озодии рӯзноманигори ҳабсшударо кардааст.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *