Як рӯз пас аз кушта шудани чанд тан аз низомиёни Туркия дар Сурия, Анқара аз Маскав хост нерӯҳои давлати Сурия дар устони Идлибро маҳор кунад. Русия нигарони бурузи ҳамлаҳои ҷадид аз ҷониби шибҳинизомиёне аст, ки Идлибро контрол мекунанд.
Рӯзи сешанбе, чаҳоруми феврал хабаргузории Рейтерз гузориш дод, ки давлати Туркия аз Русия хостааст, ҷилави ҳамлаҳои артиши Сурия ба мавозеъи нерӯҳои Туркия дар Идлибро бигирад.
Ин хабаргузорӣ зимни ишора ба ин, ки ду кишвар, нерӯҳои мутахосими даргир дар Сурияро ҳимоят мекунанд навишт, Москав ва Анқара аз муддатҳо пеш барои коҳиши таниш дар Идлиб ҳамкорӣ кардаанд.
Таниши тоза миёни ду кишвар пас аз ҳамлаи густурдаи артиши Сурия ба пойгоҳҳои низомии Туркия ба вуҷуд омадааст. Ин ҳамла, ки бо ҳимояти нерӯҳои Русия сурат гирифтааст боиси кушташудани ҳашт сарбози Туркия шудааст. Туркия низ эълом кард, ки дар ҳамлаҳои талофиҷуёна даҳҳо низомии суриро куштааст.
Туркия, ки дар ҳоли ҳозир мизбони се миллиону 600 ҳазор паноҳанда аст, ин нигарониро дорад, ки даргириҳои низомӣ дар Идлиб боиси гурези миллионҳо овораи сурӣ ба сӯи марзҳои Туркия шавад.
Маскав низ мегӯяд, нигарони бурузи ҳамлаҳои ҷадид аз ҷониби шибҳинизомёне аст, ки Идлибро контрол мекунанд.
Рейтерз ба нақл аз Довуд Човушоғлу, вазири хориҷаи Туркия навишт, ки дар сурати “ҳамлаҳои таҳрикомези режим”-и Сурия ба мавозеъиТуркия, нерӯҳои ин кишвар даст ба иқдомоти талофиҷуёна хоҳанд зад.
Човушоғлу гуфтааст: “Мо ин баҳонаи (аз ҷониби Русия)-ро, ки “наметавонем режим (Сурия)-ро комилан контрол кунем” намепазирем.”
“Озмуни ҷиддӣ”
Константин Косахов, яке аз қонунгузорони аршади Русия, гуфт, ки Маскав аз авзоъи Идлиб бисёр нигарон аст ва онро “озмуни ҷиддӣ барои тавофуқномаҳои мавҷуд миёни Русия ва Туркия” медонад.
Як мақоми амниятии Туркия ба Рейтерз гуфтааст, ки даргирии байни нерӯҳои Туркия ва Сурия дар ҳиволи Сароқаб, шаҳре дар 15 километрии шарқи Идлиб идома дорад.
Ба гуфтаи Девид Свансон, сухангӯи минтақае Созмони милал, аз ибтидои моҳи декабри 2019 дасти кам 520 ҳазор нафар аз сокинони Идлиб ночор ба тарки хонаҳои худ шудаанд.