Рубрики Хабарҳо

$420 000 пора аз сохтмони як мактаб. Ё “бизнес”-и “Умедаи даҳфоиза”

“Дар охир тендерҳои сохтмонӣ мактабҳо ба онҳое дода мешаванд, ки ба ӯ пора медиҳанд. Ин зани порахӯр  аз ҳисоби  ин пораҳои зиёди соҳибкорон  соҳиби хонаҳою иншоотҳои  зиёде шудааст, ки онҳоро ба номи хешовандонаш хуҷатгузорӣ намудаст. Ногуфта намонад, ки ин зан тартибу усули порагирии худро дорад, яъне агар маблағи умумии сохтмони мактаб ба 2 000 000 доллари ИМА баробар бошад, аз ин маҷмӯъи хароҷотҳо чунинанд: 

  • 3 -5 % Пеш аз интирок дар тендер аз маблаги умуми (60 000) Доллари ИМА 
  • 10 % Баъди оғози  корҳои сохтмони аз иҷроиши  корҳои сохтмони (200 000)  Доллари ИМА 
  • 1 %   Хизматрасонихои бонки аз маблағи умумии (20 000) Доллари ИМА…”

Ба унвонии “Паём” мактубе аз як соҳибкори сохтмончӣ ворид шудааст, ки мегӯяд роҳбари Муассисаи давлатии Маркази татбики лоихаи «Сохтмон ва муҷаҳазгардонии мактабҳо» Воҳидова Умеда Сафаровна (Воҳидзода Умеда Сафарӣ) аз сохтмончиён барои сохтани мактаб без аз 20% пора мегирад, ки агар қимат сохмтони мактаб $2 млн бошад, ришва барои ба даст овардани ин сохтмон ва гирифтани чанд имзову иҷозатномаҳо то 420 ҳазор долларро ташкил медиҳад. 

Мо мактубро бидуни таҳрир нашр мекунем ва қазоватро ба хонанда вомегузорем: 

Мехостам каме дар бораи рушди соҳибкории хурду миёна ва вазъи имрузаи соҳибкрони ватанй дар кишвар аз ҳақиқатҳои чойдошта ва қонунҳои дар ин самт нонавишта ибрози назар намоем. 

Аввалан ман хамчун сохибкор чандин сол мебошад ба фаъолияти сохибкорй машғул будам. Авал андешидам, ки дар ин мавзуъ хомуширо ихтиёр намоям, аммо бозҳам аҳволи имрузаи соҳибкорони точикро дида азм кардам, ки нависам. 

Банда барои иштирок дар озмуни Муассисаи давлатии  Маркази татбиқи лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳазгардонии мактабҳо», ки барои соҳаи маориф зарур аст солҳои 2015, 2016, 2017 сол иштирок кардам. 

Аммо нафароне миёни мо мавҷуданд, ки сиёсат ва ғамхориҳои   Пешвои Муаззами  Миллат Чаноби Олиро пешпо зада бар ивази боварию содикона хизмат ба ватан ба у хиёнат менамоянд. Роҳбари Муассисаи давлатии Маркази татбики лоихаи «Сохтмон ва муҷаҳазгардонии мактабҳо» Воҳидова Умеда Сафаровна (Воҳидзода Умеда Сафари) яке аз ин нафарон мебошад. Пешвои Муаззами  Миллат Чаноби Оли ба ин зан барои ҳавасманд ва содиқона иҷро намудани вазифаҳояш ифтихорномаю медалҳо  тақдим намудааст.  

Мо соҳибкорон аз ноилоҷи ин мактубро навиштаем, ки ба саъми Шумо расонем то Шумо бархурдор бошед, чигуна ин зани фасод Воҳидзода Умеда Сафари ҳамаро ба дод овардааст.  Воҳидзода Умеда Сафари дар вазифаи ишғол кардааш носодиқ буда аз хама сохибкорон тамаҷуъи намуда порахои калон аз маблағи умумии тендер аз 10 то 15 % талаб намуда хамаро ба дод оварда буд (Уро ҳамчун Умедаи 10 фоиза ҳама ном  мегиранд). Дар давоми фаолият  мо шоҳиди он гаштем, ки чигуна ба ғайр аз маблағҳои ҳамчун пора аз ширкатҳои сохтмони, таҳвилгарони мебелҳои мактаби, таҳвилгарони таҷҳизотҳои мактаби ва  аз коргарони оддии сохтмонҳои мактабҳо (хиштчин, андовачиҳои фасад, аликобоншик, мебелшик, устоҳои системахои гармидиҳи, корхонаи Арчаи ш.Хучанд, ки ба истеҳсоли дар машғул аст ва ғ-ра) ҳаққи худро аз ҳачми иҷроиши корҳояшон ба ҳаҷми 10 фоиз то 15 фоиз руи кори онҳо ҳисоб карда пораашро  мегирад. Ягон маҳсулотҳо ва маводҳои сохтмони бе иштироки у хариду фуруш карда  намешаванд. Агар маҳсулоти сохтмони ва кору иҷроишҳо ба корхонаҳои  у таалуқ надошта иҷроиш шаванд  аз тарафи ин зан корҳои ба иҷро расида  қабул карда  намешаванд. У бо ҳар баҳонаю найрангбози  иҷроиши корҳоро қабул намекунад ва талаб мекунад ки ҳақи уро диҳанд.  

Дар Муассисаи давлатии  Маркази татбиқи лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳазгардонии мактабҳо» аз ронандаи одди то коргарони шуъбаҳои харид ва ғайра чиян ва хешу таборҳоя иборат мебошад, ки онҳо инҳоянд : 

Нилуфар сардори шуъбаи харид, Айнидин – назорати техникӣ,  Воҳид-ронандааш. 

         Дар охири соли 2019 бо ин нафарони дар боло зикр гардида (ХЕШҲОЯШ) аз ҳисоби соҳибкорон  истироҳат ба давлати Туркия ва Русия сафар намуда истироҳат карда баргаштанд.  

Ба ғайр аз пора гирифтан бо супоришҳои иловаги ба мисли тухвахои кимат талаб менамояд. Дар холати саркаши намудан барои таъмини талаботхои шахсияш у ба соҳибкорон фишор ва тахдид аз номи кормандони амниятию милитсияро  шуруъ менамояд. 

Бояд қайд кард, ки ин зани фасод нисбати мо сохибкорон ҷабри зиед намудааст.    Сохибкороне, ки хоҳиши иштирок дар тендерҳои Муассисаи давлатии Маркази татбики лоихаи «Сохтмон ва муҷаҳазгардонии мактабҳо» доранд огоҳ бошанд, ки чунин вазниниҳо ба монанди сохтмони варзишгоҳҳои бачагона барои роҳхат гирифтан ба тендери сохтмони мактабҳо ба сарашон меояд аммо ин ваъдахои фиреби буда дар охир сохибкороне, ки ба у неки карда супоришхои уро иҷро менаянд иштироки онҳоро дар тендерхои сохтмони мактаб ихтисор менамоянд.   

   Маблағҳои  ҷудошудаи Маркази татбики лоихаи «Сохтмон ва муҷаҳазгардонии мактабҳо»-ро, ки аз тарафи Маркази татбики лоиха бо таври маҷбури аз соҳибкор ихтисор (аз маблағи умумии қарордод кам кардашуда)- ро    барои сохтмони варзишгоҳҳои бачагона  сарф менамояд. Барои маблағи ҷудокардашуда корхонаҳои худи ин зан хамчун пудратчи  истифода бурда мешавад. Дар асл иҷроиши ин корҳоро тамоман дигар шахсиятҳо иҷро менамоянд.  Дар охир тендерҳои сохтмонӣ мактабҳо ба онҳои дода мешаванд, ки ба у пора медиҳанд. Ин зани порахур  аз ҳисоби  ин пораҳои зиеди соҳибкорон  соҳиби хонаҳою иншоотҳои  зиеде шудааст, ки онҳоро ба номи хешовандонаш хуҷатгузори намудаст.  

Ногуфта намонад, ки ин зан тартибу усули порагирии худро дорад, яъне агар маблам умуми сохтмони мактаб ба 2 000 000 доллари ИМА баробар бошад аз ин маҷмуи хароҷотҳо чунинанд: 

  • 3 -5 % Пеш аз интирок дар тендер аз маблаги умуми (60 000) Доллари ИМА 
  • 10 % Баъди оғози  корҳои сохтмони аз иҷроиши  корҳои сохтмони (200 000)  Доллари ИМА 
  • 1 %   Хизматрасонихои бонки аз маблағи умумии (20 000) Доллари ИМА 
  • 1 %   Фонди роҳ (20 000) Доллари ИМА 
  • 1 %  Андоз аз гардиши умумии маблағи воридшуда (20 000) Доллари ИМА 
  • 2 то 3 % Аз маблағи умумии иҷроиши корҳои сохтмони сармуҳандис Алиев Фируз          (40 000) Доллари ИМА 
  • 2 %   Санҷишгарон аз маблағи умуми (40 000) Доллари ИМА 
  • 0,5 то 1%  Барои АКТ-и санҷишгарон аз маблаги умуми ( 29 000) Доллари ИМА 

5000 то 10000 – Аз иншооти сохташаванда масъулон оид ба сухтор  (пажарная безопасность) Доллари ИМА 

3000 то 5000 – Раисони ноҳияҳое, ки дар онҷо мактабҳо сохта мешаванд. Ниҳодҳое, ки дар ноҳия кор ва фаолият менамоянд (Раисони раесатҳои маориф, лоиҳакашони ноҳия, системаи обтаъминкуни, экология  ва барқдиҳии минтакави) Доллари ИМА. 

            Ин корҳоро албатта Воҳидзода Умеда Сафари танҳо иҷро наменамояд ба у сармухандис Алиев Фируз кумак мерасонад. Алиев Фируз низ яке порахурони ин гуруҳ, буда у ба худ фоизҳои махсуси худро дорад. Дар сурати ба Алиев Фируз пора надодан у иҷроиши корҳоро бо ҳар баҳона кам нишон дода  талаб менамояд, ки ҳақи  уро оварда диҳанд ва пас аз гирифтани пора   иҷроиши корҳои сохтмончиенро қабул менамояд.   

Дар вақти пули пораро ҷамъ намудан мегуяд, ки қисми  ин пораҳоро ба шахсони пурмуътабари Ҷумҳурӣ (НОМҲОИ ОНҲОРО НАМЕГИРЕМ ЧУНКИ МАН  БОВАРАМ НАМЕОЯД, КИ СУХАНОНИ ИН ЗАН РОСТАНД)   медиҳад, ки то онҳо уро Сарпарасти (КРИШАВАТ) кунанд.  Боқи аз гуфтаҳои ин зан дар рузҳои наздик У роҳбари ДИРЕКСИЯИ СОХТМОНИ ИНШООТҲОИ ҲУКУМАТИ ДАСТГОҲИ ИҶРОИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  МЕШАВАД. Ба У кришааш чунин ваъда кардааст.   

 Чунин суханонро аз даҳони  худи ин зан ва дар саҳни Муассисаи давлатии Маркази татбиқи лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳазгардонии мактабҳо»   бисёр шунидан мумкин аст.  

Мухтарам Озода Рахмон агар Шумо покбину бовиддон ба ин корҳои зани ифлос нукта нагузоред ин зан аз номи сиёсатмадорони Чумҳурӣ воҳимаю зуровари карда дар назди мардум номи сиёсатмадорони давлатиро хамчун СИЛОҲИ пешравии худ истифода хохад бурд. Худ хулоса намоед агар сармоягузорони Арабистони Сауди аз ин амалҳои бади Воҳидзода Умеда Сафари огоҳ гарданд оянда обруи Ҷумҳурии мо ба замин яксон мегардад. Баъди чунин амали зишт эҳтимол аст, ки дар оянда ин сармоягузории Арабистони Сауди аз кумак ба кишвари мо даст кашанд.

Баъд аз супоридан ва ба истифода додани ин иншоот (мактаб) корхонаи мо  ру ба муфлиси зад. Мо дар охири соли 2017 корхонаи худро баста хонаамро фурухта  қарзҳои аз руи ин гирифтаамонро пардохт намуда даст ба кучидан задем. Айни ҳол дар Полша кор ва фаолият менамоем. 

Ин маълумотхои овардашуда афсонаи .эҷодкардашуда нест. Солҳои 2015 то соли 2017 дар сохтмони мактабҳо иштирок карда зери азобу шиканцаи ин зан 420 000 доллари ИМА барзиед хорочот намуда дигар бо ин зани ифлос  ҳамкор нагаштем. 

Пас ба ҳамаи ин ниходхои номбаршуда савол дода мешавад, ки бо чунин тарзи кор ва бо чунин роҳи «дастгирии» сохибкрони ватанй чй гуна мешавад, ки сохибкории хурду миёнаро дар кишвар рушд дод??? 

Худ қазоват кунед, ки чи миқдор маблаг барои ҳам буҷаи давлат ва ҳам соҳибкор аз ин фаъолият зарар мерасад ва маблағе, ки барои ин сохтмон сарф карда мешавад, чи микдорашро ниходхои масъул медузданд. , Бо чунин тарзи кор ба фикрам дар ояндаи наздик ба комёби ноил гардидан душвор аст. 

Шояд ҳамаи ин ниҳодҳои номбаршуда даъво пеш оранд, ки ин хама гуфтаҳо дуруганд, аммо ман мегуяму виҷдони шумо медонад, ки ман рост (ҳақиқати талхи мавҷударо) мегуяму шумо дуруғ. 

Мақсади навистани ин мақола он нест, ки баъд навистани ман муносибат бо сохтмончиену сохибкорони ин Маркази татбики лоихаи «Сохтмон ва муҷаҳазгардонии мактабҳо»  бадтар шавад, мақсад бурдани фасодию хиенаткории ин зани ифлосу беинсоф  мебошад. 

 МО ИН МАҚОЛАРО БА  СУРОҒАҲОИ ЗЕРИН ИРСОЛ НАМУДЕМ ТО БА РОҲБАРИЯТИ ДАВЛАТ ИН НОМА РАСОНИДА ШАВАД. 

(РАҲМОН Озода Эмомалӣ Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон) 

(РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ Раиси шаҳри Душанбе) 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *