11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Шумори қурбониёни вируси короно ба 491 нафар расид

Комиссиюни беҳдошти миллии Чин бо интишори баёниае эълом кард: тай 24 соати ахир 65 тани дигар бар асари вируси короно (2019-NVOC) ҷон бохтанд ва шумори қурбониёни ибтило ба ин беморӣ ба 491 нафар афзоиш ёфт. 

Бар асоси ин баёния, теъдоди афроди мубтало ба ин вирус низ ба 24 ҳазору 324 нафар афзоиш ёфта ва вазъияти 431 тан аз онон вахим гузориш шудааст. 

Гуфтанист, ин вирус барои аввалин бор 12 декабр дар Вуҳон шиносоӣ шуд. 27 нафари дигар, ки бо бозори ғизоҳои баҳрии шаҳр дар иртибот буданд, ба ин “бемории мармуз” мубтало шуда ва ин бозор баста шудааст. 

Вируси короно дар бештар шаҳрҳои Чин мушоҳида шуд. Давлати Чин ба манзури пешгирӣ аз густариши он ҳамлу нақли умумӣ дар 13 шаҳрро муваққатан мутаваққиф кард. 

Ҳамчунин теъдоди зиёде аз марокизи туристӣ монанди амокини таърихӣ ва музейҳо дар Пекин низ ба рӯйи гардишгарон баста шудааст. Вазорати дороии Чин пештар эълом кард, ки 144 миллион доллар барои пешгирӣ аз шуйӯъи ин вирус ихтисос додааст. 

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *