Рубрики Хабарҳо

Чанд маълумоти нав дар бораи “Умедаи даҳфоиза” (аксҳо)

Баъди нашри мактуби як соҳибкори пудратчӣ дар бораи роҳбари Муассисаи давлатии Маркази татбики лоихаи «Сохтмон ва муҷаҳазгардонии мактабҳо» Воҳидова Умеда Сафаровна (Воҳидзода Умеда Сафарӣ) як пудратчии дигар бо мо тамос гирифт ва гуфт тамоми асноди зикршуда дар мактуб воқеъият дорад ва чанд иттилоъи дигаре дар бораи ин хонум ироа кард. Ӯ ҳамчунин гуфт кадом нафари қудратманди ҳукумат пуштибони ӯст.

Дар мактубе, ки субҳи имрӯз нашр кардем гуфта мешуд Умеда Воҳидова аз пудратчиҳо барои ғолиб омадан дар тендерҳои сохтмони мактабҳо ришваҳои ҳангуфт мегирад. Барои мисол агар маблағи умумии сохтмони мактаб ба 2 000 000 доллари ИМА баробар бошад, Воҳидова пеш аз иштирок дар тендер 3 то 5% аз маблағи умумӣ (60 то 100 ҳазор) доллари ИМА, 10 % баъди оғози  корҳои сохтмони аз иҷроиши корҳои сохтмонӣ (200 000) доллари ИМА ришва меситонад. Ва ин ҳамаи ришваҳое нест, ки ӯву ёрдамчиҳояш аз пудратчӣ мегиранд. Маълумоти бештарро дар ин бора метавонед дар мақолаи қаблӣ таҳти унвони пайдо кунед.

Пудратчии дуввум гуфт Воҳидова бидуни ҳеҷ истиҳолаи мегӯяд, ки пуштибононаш раҳбари дастгоҳи раисҷумҳур ва духтари ӯ Озода Раҳмон ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов ҳастанд. “Акси Озода Раҳмон ҳамроҳи падраш дар рӯи мизи кории Умеда гузошта шудаанд ва мегӯяд, ки Озода апаам аст, дар ҳама кор маро пуштибонӣ мекунад”.

Ӯ ҳамчунин гуфт дар тӯйе, ки Воҳидова баргузор кард, худи Саймумин Ятимов ҳузур дошт ва дар як ҳуҷраи алоҳидаи тарабхона бо чанд баландмақоми дигар менишаст. Бо дастури Ятимов Шабнами Сурайё ба тӯй оварда шуд ва чанд суруд ҳам онҷо хонд.

Ин манбаъ гуфт роҳбари Муассисаи давлатии Маркази татбики лоихаи «Сохтмон ва муҷаҳазгардонии мактабҳо» Умеда Воҳидова духтари Воҳид Сафар, як комунисти собиқадор ва соҳибвазн мебошад. Ба гуфтаи ӯ Воҳид Сафар устоди раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон буда, духтараш Умеда бо амри мустақими раисҷумҳур ба ин вазифа таъин карда шудааст. 

Манбаъ молики амволи зиёди манқул ва ғайриманқул будани Воҳидоваро тасдиқ кард ва гуфт, ки хонаи асосии ӯ дар маркази шаҳри Данғара қарор дорад. 

Дар аксҳое, ки ин манбаъ ирсол кард, дида мешавад, ки Умеда Воҳидова чанд мошин дорад ва воқеъан дӯстдори гирифтани тӯҳфаҳои гаронарзиш мебошад. 

Ин пудратчӣ низ гуфт маблағи ҳангуфтеро барои сохтмони як мактаб ба Воҳидова ришва додааст ва зимни сохтмони мактаб он қадар аз ҷониби ӯ ғорат шудааст, ки баъди анҷоми сохтмон муфлис ва ҳатто аз Воҳидова қарздор боқӣ мондааст.

Садҳо деҳаи кишвар мактаб надорад. Кӯдакон дар вагон, хонаи сокинон, вайронаҳо ва ҳатто оғил дарс мехонанд. Дар буҷа барои сохтмони мактаб пул нест ва соҳибкоронро маҷбур ба сохтани онҳо мекунанд. Эмомалӣ Раҳмон бо гардани каҷ ба Арабистони Саудӣ меравад, то шайхҳои араб барои мо мактаб созанд. Солона миллионҳо доллар аз волидон барои таъмири мактабҳо пул ҷамъ мекунанд. 

Ва дар ҳамин ҳол… Раҳбари як муассисаи хурди давлатӣ аз сохтмони ЯК мактаб то 400 ҳазор доллар ришва меситонад. Як мактаб! Духтари яке аз устодони Эмомалӣ Раҳмон. Акнун тасаввур кунед, ки духтарони худи ӯ, домоду ҷияну хусурбачаҳояш чӣ қадар пули мардумро медазданду ғорат мекунанд!

Паём ба ҷамъоварии маълумот дар бораи ин зани ришвахур идома медиҳад ва хонандагон низ хоҳиш мекунад ҳар маълумоте дар бораи ӯ доранд, бо факту далел ба мо ирсол кунанд.   

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *