10 донишҷӯи тоҷик дар шаҳри Вуҳони Чин боқӣ мондаанд. 7 нафар аз онҳо бинобар доштани таби баланд мавриди ташхис қарор гирифтаанд ва аз сафари онҳо пешгирӣ шудааст.
Дар ин бора м Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дода, гуфтааст ҳамчунин 3 нафари дигари донишҷӯёни тоҷик бо хоҳиши худ аз сафар ба Тоҷикистон худдорӣ кардаанд.
Вазорат гуфтааст манъи донишҷӯён аз сафар маънои гирифтори бемории коронавирус будани онҳоро надорад. Тибқи талаботи карантинӣ, ки дар шаҳри Вуҳон ҷорӣ аст, нафароне, ки таби баланд доранд, дар ҳолати карантинӣ қарор дода мешаванд.
Гуфтанист, субҳи 11-уми феврал ҳавопаймои махсус 46 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Вуҳон ба Душанбе овард. Онҳо дар осоишгоҳи “Харангон”-и ноҳияи Варзоб давоми ду ҳафта дар ҳолати карантинӣ фаро гирифта мешаванд.