Рубрики Хабарҳо

Кумитаи занон мегӯяд як корбарашро барои Нилуфар Раҷабова танбеҳ додааст

Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон аз танбеҳ гирифтани як кормандаш дар робита ба қазияи Нилуфар Раҷабова хабар дод. 

Сабоҳат Маҳмадалиева, як масъули ин кумита имрӯз 12 феврал дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, ин масъала дар як ҷаласаи назди раиси Кумита баррасӣ шуда, корманди яке аз бахшҳои он, ки дар маъракаи “фаҳмондадиҳӣ” ба Нилуфар Раҷабова ширкат дошт, барои рафтори нодуруст бо ин сокини Душанбе, танбеҳ гирифт.

Маҳмадалиева нагуфт, ки нафари танбеҳгирифта кист, аммо зоҳиран сухан дар бораи Раъно Абдуллоева меравад.

Нилуфар Раҷабова дар нимаҳои моҳи декабр дар ҷараёни корҳои “фаҳмондадиҳӣ”-и мақомот зидди “либос ва фарҳанги бегона”, ба идораи пулис бурда шуд ва баъдан шикоят кард, ки азият шудааст.

“Рафтори корманде, ки аз ҷониби зерсохтори мо буд, нодуруст буд. Тавре ин зан гуфта буд, аз дасташ кашида бурданд. На ба ин тарз бояд корбарӣ шавад. Шаъну шарафи инсон бояд поймол нагардад. Итминон дорем, ки минбаъд ингуна ҳодисаҳо рух намедиҳанд”,-афзуд Сабоҳат Маҳмадалиева.

Хонум Маҳмадалиева ҳамзамон гуфт, Нилуфар Раҷабова ба ин ниҳод муроҷиат накардааст ва масъулини ин ниҳод бо ӯ тамос гирифта, хостори таҳқиқи қазия шуданд, аммо ӯ ҳозир нашуд.

Сабоҳат Маҳмадалиева ҳамчунин аз сӯистифода аз номи ин ниҳод ва амалҳои нодуруст дар ҷараёни маъракаи тарғиботӣ бо занони ҳиҷобдор нигаронӣ кард. Вай гуфт, ҳолатҳое ҳам ҳаст, ки дар чунин маъракаҳо афроди дигар аз номи Кумита истифода мекунанд. Ӯ гуфт, “вақте мо мавриди баррасӣ қарор медиҳем, маълум мешавад, онҳо, рабте ба ин ниҳод ва зерсохторҳои он надорад. Чунин ҳолатҳо ҳам бисёр буданд”.

Хонум Маҳмадалиева афзуд, дар чунин ҳолатҳо бояд занон аз онҳое, ки дар ин маъракаҳо худро намояндаи мақомот муаррифӣ мекунанд, ҳуҷҷат талаб кунанд.

Қазияи боздошт ва ҳозир кардани Нилуфар ба идораи пулис дар моҳи декабри гузашта, сару садоҳоеро ба миён овард. Нилуфар Раҷабова пас аз берун шудан аз идораи пулис қазияи худро расонаӣ кард ва аз хушунат ва озор аз сӯи пулис ба Додситонии кулли Тоҷикистон шикоят бурд.

Аммо рӯзи 18-уми декабр Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт Нилуфар Раҷабоваро бар асоси шикояти Раъно Абдуллоева, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ҳукумати ноҳияи Синои пойтахт бо гуноҳи “майдаавбошӣ” 550 сомонӣ ҷарима баст. Нилуфар баъдан аз ин ҳукм ба Додгоҳи шаҳри Душанбе шикояти кассатсионӣ бурд, аммо рӯзи 22-юми январ додгоҳ онро бетағйир гузоштааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *