Рубрики Хабарҳо

Масъулини ширкати “Манзили дастрас” ба 73 соли зиндон маҳкум шуданд

Додгоҳи шаҳри Душанбе имрӯз, 13 феврал Нурулло Наимов, раиси пешини ширкати “Манзили дастрас”-ро ба 21 соли зиндон маҳкум кард. Панҷ тани дигар аз масъулини собиқи ин ширкат аз 8 то 16 сол ҳукм гирифтанд

Асомиддин Бобохонзода додраи ин парванда зимни қироати ҳукм эълон кард, Рустам Раҷабов 16 сол, Хуҷамқул Расулов 10 сол, Маҳина Раҷабова ва Хуршед Хоҷаев 9-солӣ ва Сахидод Алиев барои 8 сол аз озодӣ маҳрум шуданд. Қаблан додситон барои Нуруллоҳ Наимов 22 сол, Рустам Раҷабов 18 сол, Маҳина Раҷабова, Хуҷамқул Расулов, Хуршед Хоҷаев ва Сахидод Алиев 10-солӣ зиндон талаб карда буд.

Дар ҳамин ҳол муштариёни “Манзили дастрас” аз тақдири маблағҳояшон нигаронанд ва ба баргардонидани он умеди чандоне надоранд. 

Масъулини ширкати “Манзили дастрас” баъди шикояти муштариёни тарҳи “Манзили дастрас”боздошт шуданд ва баррасии ин парванда бештар аз як сол аст, ки идома дошт. 

Ба гуфтаи додраси парванда ғайри Нурулло Наимов ва Хуҷамқул Расулов, нисбати чаҳор нафари дигар қонуни афв татбиқ шуда, аз се як ҳиссаи ҳукмашон кам карда шудааст. Бобозода ҳамчунин гуфт, маблағи ҷабрдидаҳо аз маҳкумшудаҳо тариқи Хадамоти иҷро, бозпас гирифта мешавад. Ба гуфтаи додрас, амволи Нурулло Наимов дар ҳабс қарор дошта, ба фоидаи давлат мусодира хоҳад шуд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *