Шумори қурбониёни бемории танаффусии короно, дар Чин зарфи як рӯз 242 нафар афзоиш ёфт ва ба 1350 нафар расид. Мавориди сабтшудаи ибтило ба ин беморӣ низ танҳо дар як рӯз наздик ба 15 ҳазор нафар афзоиш ёфт ва аз марзи 59 ҳазор нафар гузашт.
Мақомоти давлати Чин дар рӯзҳои гузашта хабар аз коҳиши шитоби ибтило ба бемории короно дода буданд. Шумори мавориди сабтшудаи ибтило ба ин беморӣ ба камтар аз 3 ҳазор нафар дар рӯз низ расида буд. Акнун гузорише аз сӯи мақомоти ин кишвар мунташир шуда, ки ҳикоят аз афзоиши ҷаҳишвори шумори қурбониён ва мубталоён ба бемории короно дорад.
Рӯзи чаҳоршанбе, 12 феврал маргбортарин рӯз аз замон шуйӯъи бемории танаффусии короно дар устони Ҳубэй ва шаҳри Вуҳон буд. Танҳо дар як рӯз теъдоди касоне, ки дар асари ин бемори ҷони худро аз даст доданд, 242 нафар эълом шудааст.
Ҳамин гузориш ҳокӣ аз он аст, ки дар як рӯз мавориди сабтшудаи ибтило ба ин беморӣ 14840 нафар афзоиш ёфтааст. Ба ин тартиб, шумори мубталоён ба бемории короно, аз марзи 59 ҳазор нафар гузаштааст.
Омори ҷадиди марбут ба мавориди ибтило ба бемории короно аз сӯи телевизиони давлатии Чин мунташир шудааст. Бо азимат аз афзоиши ҷаҳишвори шумори мубталоён ба бемории короно, Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар бораи пешгӯии хушбинонаи контрол ва маҳори ин беморӣ ҳушдор додааст.
Комиссияи беҳдошт ва дармони устони Ҳубэй эълом кардааст, ки мухтасоти нозир бар ташхиси бемории короно тасҳеҳ ва такмил шуда ва аз ин рӯ теъдоди мавориди сабтшудаи ибтило ба беморӣ афзоиш ёфтааст. Ин дар ҳолест, ки мақомоти комиссияи беҳдошт ва дармони ин устон эълом накардаанд муоиноти то кунун бар чӣ мухтасоте сурат мегирифта ва тағйироти манзуршуда шомили чӣ мавориде мешавад.
Лозим ба ёдоварӣ аст, ки коршиносони умури пизишкӣ ва Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз роҳкори сабти мавориди ибтило ба бемории короно дар Чин интиқод карда буданд.
Барканори раиси дафтари ҳизби коммунист дар Ҳубэй
Дар иртибот бо афзоиши шумори мубталоён ба бемории короно дар устонт Ҳубэй, Ҷёнг Шоулёнг, раҳбари ҳизби коммунисти устони Ҳубэй аз кор барканор шудааст.
Гуфта мешавад, ки Янг Юнг, шаҳрдори пешини Шонгҳой риёсати дафтари ҳизби коммунист дар ин устонро бар ӯҳда гирифтааст.
Гумоназаниҳо дар бораи абъоди ибтило ба бемории короно ҳикоят аз он дорад, ки мавориди сабту эъломнашудаи ин беморӣ дар Чин беш аз оморе аст, ки давлат ироа мекунад. Яке аз далоили нозир бар чунин гумоназаниҳои фуқдони имконоти муоина ва озмоиш дар мавриди мавориди машкук ба ибтило ба ин вируси ҷадид аст.
Мавориди сабтшудаи ибтило ба бемории короно дар хориҷ аз марзҳои Чин низ ба беш аз 500 нафар расидааст. 16 нафар дар Олмон низ мубтало ба ин беморӣ ҳастанд.
Дар иртибот бо эҳтимоли шуйӯъи бештари бемории короно дар сатҳи ҷаҳон, рӯзи чаҳоршанбе 12 феврал баргузории ду рӯйдод бузург лағв шудааст.
Баргузоркунандагони Кунгираи ҷаҳонии мубойл дар Барселоно хабар аз лағви ин ҳамоиш додаанд. Кунгираи ҷаҳонии мубойл қарор буд дар авохири моҳ феврал баргузор шавад.
Аз сӯи дигар эълом шудааст, ки рақобати автомобилронии “Формули як” ки қарор буд дар Шонгҳой баргузор шавад низ аз сӯи масъулон лағв шудааст.