Дар Истаравшан бори чандум аст, ки мавҷи боздошту саркӯбиву террор роҳандозӣ мешавад. Ҳанӯз ин шаҳр аз боздошту террорҳои пас аз “ҳамла” ба дидбонгоҳи “Султонобод” ба худ наомада, мавҷи нави саркӯбиҳо бо баҳонаи мубориза бо “пайравони Ихвонулмуслимин яке аз қадимтарин шаҳрҳои кишварро ларзондааст. Солҳост ки шаҳри Истаравшан мавриди ҳуҷумҳои пайдарапайи режими Раҳмон қарор гирифтааст. Омилҳои сиёсию иқтисодию иҷтимои ҳастанд ки ӯро водор мекунад то мардуми Истаравшанро саркӯб нигаҳ дорад.
Озодагӣ дар қаламрави Раҳмонов гуноҳ аст
Мардуми Истаравшан тӯли асрҳо истиқлолияти худро нигаҳ медошт ва аз ҷиҳати ҷуғрофӣ на тобеи аморати Бухоро будаву на хонигарии Қӯқанд. Ба ҷуз замони кӯтоҳе ки зери истилои онон ба сар бурдаанд. Ин рӯҳи озодихоҳӣ то ба чанд соли қабл ин мардумро озодаву сарбаланд нигоҳ медошт ва намегузошт ҳеҷ ғосибе ба муқаддасоти он, аз ҷумла озодии фикриву мухторияташ дастдарозӣ кунад.
Барои намуна соли 1995 дар асари норозигӣ аз сиёсати сардори ШКД-и Ӯротеппаи он замон мардум ба по хест ва бинои ШКД-ро ба оташ кашид. Илова бар ин, бинои прократура ки дар ҳамсоягӣ қарор дошт, осеб дид. Бо ин баҳона Раҳмонов гордашро бо сардории Ғаффор-седой барои саркӯб фиристод, аммо мардум онро ба шаҳр роҳ надод.
Як гуноҳи дигари истаравшаниҳо ин буд, ки дар интихоботи президентии соли 2000 аз Истаравшан Тӯраев Сайфиддин номзадии худро дар муқобили Раҳмон пешниҳод намуд. Ин ҷасорат мавҷи саркӯбиҳо дар Истаравшанро роҳ андохт ва боис шуд Сайфиддин Тураев барои ҳамеша кишварро тарк кунад.
Ҷангӣ иқтисодӣ алайҳи истаравшаниҳо
Ин масъала мисли офтоб равшан аст, ки тамоми тоҷикон бо бозори Истаравшан ошно ҳастанд ва таъсири онро барои пешравии иқтисоди ҷумҳурӣ нодида гирифта намешавад. Хусусан солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳатто дар давроне ки давлати ҳамсоя моро зери блокадаи иқтисодӣ қарор дода буд.
Ҳоло ҳам аксари тоҷирони муваффақ аз ҳамин шаҳранд. Бозори орд, бозори дору, бозори шакар, либосворӣ ва ғайра шибҳимонополия тоҷирони истаравшанӣ буд. Пас аз гузашти солҳо хонадони “пешво” мазаи тиҷорат, аниқтараш ғасби онрочашид ва ҳамаи ин тиҷоратҳоро аз дасти тоҷирони истаравшанӣ бо зурӣ гирифт. Тамоми ин тиҷоратҳо ҳоло монополияи Оила шудааст.
Намунаи барҷастаи зиракии тиҷории мардуми Истаравшан корхонаи “Оби зулол” аст, ки аввали солҳои 2000 таъсис доданд. Дертар ин корхона аз тарафи наздикони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ғасб гардид ва муассиси он Бахтиёр Худойназаров зери фишори Оила маҷбур ба фирор аз кишвар шуд. Бахтиёр Худойназаров аз хайрхоҳтарин афрод буд ва яке аз хидматҳояш ҳам ин буд, ки бо вуҷуди муносиботи сарди Тоҷикистону Ӯзбекистон, шаҳрро ба газии табии Ӯзбакистон таъмин кард. Инчунин тиҷорати ордро аз Қазоқистон муваффақона ба роҳ монда буд.
Оила низоми оилавӣ дар Истаравшанро шикаст
Аз вижагиҳои мардуми меҳмондӯст, тоҷир, ва сахии Истаравшан, такя бар низоми оилавист. Яъне якчанд оилаи бонуфуз(клан) шаҳрро идора мекарданд ва хеле муваффақона. Мардум атрофи лидерҳои ин оилаҳо якпорча ва муттаҳид буданд.
Барои мисол, вақте пас аз сӯзондани бинои ШКД (сардори он замонааш Кукузов буд, ки тавассути деҳаи Ниҷонӣ ба Ӯзбекистон гурехт) ва прократура Раҳмон хост ба дасти Ғаффор-седой мардумро саркӯб намояд, лидерҳои оилаҳо ба ҳам дар дарвозаи шаҳр истода танку тӯпро даромаданд намонданд. Баъди гуфтугӯ бо ҳукумат, муддате идораи шаҳрро ба “бачаҳои шаҳр” (варзишгарон ки ҳамагӣ зери итоати оилаҳо буданд) вогузоштанд, то пеши роҳи дуздувӣ роҳзанӣ гирифта шавад.
Инсиҷоми динии мардум
Мардуми Истаравшан яке аз диндортарин мардуми Суғд ба ҳисоб меояд. Бояд ҳам чунин бошад, чунки нобиғае чун Шиблӣ зодаи ин диёр аст. Сарлашкари бузурги ислом Афшини Ҳайдар ки дар замони Муътасими Аббосӣ ба сар бурдаву яке аз номдортарин сарлашкаронаш аст, зодаи Истаравшан аст. Илова бар ин, барои наҷоти зани мусалмон аз византиҳо лашкар кашида, шаҳри Аммурияро фатҳ кардааст ва то ҳол дар Туркия дар вилояти Каҳрамамараш шаҳре ба номи ӯст. Яке аз муборизони дигар дар қарни гузашта шоир, олим ва мутафаккир Зуфархон Ҷавҳаризода аст, ки ҳукумати ҷаҳлу ҷаҳолати болшевикӣ дар террори солҳои 1937 ӯро эъдом намудааст.
Бо вуҷуди ақидаи гуногун доштани уламову мардуми шаҳр, навъе инсиҷом вуҷуд дошт. Албатта дастгоҳи амниятии режим байни олимон фитнаҳо меандохт. Вале муваффақ ба фитнаи ом намешуд. Барои мисол дар мадрасаи Султон-Абдуллатиф ҳам муллоҳое ки таҳсилкардаи хориҷа буданд ва ҳам муллоҳои суннатӣ бо ҳам дарс мегуфтанд. Хатибҳои 6 масҷиди ҷомеъ барои иттиҳоди фатво ва калима нишасти ҳафтаина доштанд. Хулоса муллоҳо мекӯшиданд то ба навъе ихтилофоти дохилии худро печонанд то авом ба он омехта нашавад.
Диндории мардуми Истаравшан режимро безобита карда буд. Бинобар ин пас аз ҷашни солгарди имоми Аъзам “чистка”-ро аз Истаравшан шурӯъ намуда аз октябри соли 2010 то феврали 2011 наздик ба 37 истаравшанӣ ва 9 хуҷандиҳои истаравшаниасл, ҷамъ 42 нафарро зиндони кард ки дар ВАО-и солҳои 2011-2012 бо “парвандаи истаравшаниҳо” ва ё “53 нафара” машҳур буд.
Ҳокими асри 19 Рустамбек дар гузари “Таги мадраса” мадрасаеро ба номи худаш бино мекунад. Болшевикҳо онро вайрон карда аз хишташ зиндон месозанд. Солҳои 2005 то 2010 бо сардории домулло Нуъмонхон ва дастгирии аксари мардуми Истаравшан он мадраса аз нав сохта шуд. Лекин ҳукумат онро ба дасти Кабиров Ҷӯрахон, сардори вақти ШКД-и Истаравшан, ба мактаб табдил дод. Аз ҷаҳолатҳои ин табдилдиҳӣ ин буд, ки тирезаҳои ба шакли миллӣ сохташудаи онро вайрон намуда ба шакли чоркунҷа дароварданд.
200 метр болотар аз ин мадрасаи ғасбшуда масҷид ва мадрасаи Султон Абдуллатиф қарор дошт ки то соли 2010 ҳамчун мадрасаи миёнаи исломӣ барои писарбачаҳо фаъолият дошт. Шуъбаи духтаронаи ин мадраса дар масҷиди “Муҳаммад Иқбол” ки имом-хатибаш домулло Нуъмонхон буданд, фаъолият мекард.
Ба назари банда таъсири воқеаҳои соли 2010 ба мардуми Истаравшан мисли таъсири воқеаи 2001-и Ню-Йорк ба тамоми дунёст. Декабри соли 2010 чунон мардуми Истаравшанро такон дод, ки то ҳол ба худ наомадааст.
Пас аз 2010 ҳар ду-се сол гурӯҳе аз ҷавонони ин мардуми баномусро туъмаи зиндонҳо мегардонанд.
Таркише, ки даҳҳо бегуноҳро паси панҷараҳои зиндон бурд
Сентябри 2010 пас аз таркиш дар Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили вилояти Суғд, ангушти иттиҳом дубора болои истаравшаниҳо қарор гирифт. Ба иддаъои мақомот онҳое, ки гӯё дар таркиш даст доштанд, муқими Хуҷанд вале аслан истаравшанӣ будаанд. 6-7 нафар амакбачаҳое ки бо ин парванда маҳкум шуданд, аслан аз деҳаи Ругунд-и шаҳри Истаравшан буданд.
Кабиров Ҷӯрахон, ки дар натиҷаи поёнравӣ аз зинаҳои мансаб ба Истаравшан омада буд, мехост бо ҳар баҳона аз нав ба боварии режим дарояд. Ин фурсати ивазнашавандаро ба хубӣ истифода намуда ба мардуми диндори шаҳр ҳуҷуми беамонро шуруъ кард. Илова бар ин, ба гуфти баъзе нафароне, ки ба доираи қарорсоз наздик аст, пас аз интихоботи парлумонӣ Раҳмон аз истаравшаниҳо сахт нороҳат буд, зеро 73% овозашонро ба наҳзат додаанд. Дар маҳфилҳои хусуси инро раиси комисюни интихоботии шаҳри Истаравшан Саидҳамза ки раиси барқи шаҳр низ буд, эътироф карда гуфтааст ки вилоят моро маҷбур кард то коғазҳоро аз нав тартиб диҳем. Дар ин юриши гучтарда, мақомот бисёртар ба гузарҳо ва деҳоте ҳуҷум карданд ки Наҳзат зиёда аз 90% овоз гирифта буд. Масалан гузари Тал ки зиёда аз 90% овоз додааст ва ё худ деҳаи Яккабоғ ва ё деҳаи Сепула. Дар ин ҳамлаи густарда зиёда аз 60 нафарро аз маҳаллаву деҳоти гуногун дастгир карда 18 нафарро бо гирифтани маблағҳои ҳангуфт ҷавоб доданд. 42 нафар маҳкум шуд. Аз ҷумла ду муллои машҳури ин шаҳр ки хатмкунандаи донишгоҳҳои Арабистони Саудӣ ҳастанд, мулло Илҳом (Ғаниев) ва қори Адҳам (Ҳайдаров). Қазияи шиканҷаи ин зиндониёнро адвокат Сергей Романов дар нишасти САҲА дар Варшава бардошта буд. Аксари зиндоншудаҳо солҳои 2015-16 озод шуданд.
Роҳе аз “Султонобод” то Истаравшан
Ҳамлаи дигари режим моҳи ноябри соли 2019 шурӯъ шуд, ки то ҳол мардуми Истаравшан зери тарсу ҳарос нигоҳ медорад. Бо баҳонаи ҳуҷуми кадом дастаи мусаллаҳе ба дидбонгоҳи “Султонобод” дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон даҳҳо нафар истаравшанӣ дастгир шуда равони зиндон шуданд, ки баъзеи онҳо то ҳол бо гузашти дувуним моҳ бедараканд (барои мисол Юсупов Умедҷон Обидович истиқоматкунандаи кучаи 8-март хонаи 37 ки ин солҳои 2010-15 ба иттиҳоми ҳамдастӣ ба тахрибкорон бо моддаи 187 адои ҷазо намудааст).
Ғайр аз ин аз ҳампарвандагони Умедҷон ин Қурбонов Фарҳод Ҳакимович аст, ки ӯ истиқоматкунандаи маҳаллаи Боғот аст. Ӯро ноябри гузашта бурда хеле шиканҷа намудаанд, сипас раҳо намуда боз дастгир намудаанд.
Яке дигар аз ҳампарвандагони инҳо Султонов Баҳром Раҳимович аст, ки истиқоматкунандаи деҳаи Бобо-Тағо буда ӯ низ аз ноябр дастгир шудааст. Ҳамроҳаш 7-8 нафар дигар ҳампарвандагони собиқашон низ ҳастанд ки мутассифона ному насабашонро муайян карда натавонистем.
Охирин (то ҳол) ҳамла
Ҳамлаи охир бо баҳонаи пешгирӣ аз фаъолияти Ихвонулмуслимин шурӯъ шуд. Яке аз аввалин боздоштшудаҳо домулло Абдусамад Латипов аст, ки яке аз уламои динии ҷавон ва сернуфузи маҳаллаи Ясӣ ба шумор мерафт.
Ҳамроҳ бо ӯ зиёда аз 35-40 нафар дастгир шуданд ва қисман бо додани пора озод шудаанд. Дар баъзе ҳолатҳо аз як хона чанд нафар дастгир гардидаанд. Муаззини 57 солаи ин маҳалла низ шомили дастгиршудаҳост. Баъзе занҳое ки 15 сол пеш дар мадрасаи занона таҳсил доштанд низ бозпурси шудаанд. Аз аҷоибот ин аст, ки имоми хабаркаше ба номи қорӣ Комил доштанд, ӯро низ бурдаанд ва пас аз чанд рӯз озод кардаанд.
Аз деҳаи “Говдуздон” домулло Зинатулло Файзуллоев хатмкунандаи Ал-Азҳар (собиқ ҷонишини Директори мадрасаи Султон-абдуллатиф) ҳамроҳи писараш Руҳуллоҳ ки табиби қалб аст, низ дастгир шудаанд. Тибқи баъзе маълумот ҳамсараш низ борҳо бозпурсӣ шудааст.
Домулло Сайфуллоҳи Сорбонӣ низ аз ҷавонҳои боҳиммат буда, баҳри нашри фарҳанги исломи хеле заҳмат мекашид. Мударриси мадрасаи Султон-абдуллатиф буд. Дар фанни хатнависи ва шеър маҳорати хубе дошт. Аз шогирдони домулло Нуъмонхон.
Домулло Ҳабибуллоҳ котиби мадрасаи Султон Абдуллатиф буд. Донишгоҳи исломии имом Аъзами пойтахтро хатм кардааст. Ба устогӣ машғул буд. Фарзанди ягона аст ва бародару хоҳар надорад, аммо падару модари пире дорад.
Аз гузари Тал боз даҳҳо нафар нопадид шудаанд. Зеро он манотиқи нуфузи наҳзат буд. Табиист ки мардумаш бештар аз дигарон зери шубҳа буданд.бинобар ин дар ҳамлаи 2010 ва 2019 бештар аз ҳама ҷавонҳояшон зиндонӣ шуд.
Ду иттифоқи дигар
Марги мармузи ду муллои шинохтаи Истаравшан – Мулло Абдурраҳимхон (2013) ва мулло Ҳамзахон(2015), ки ҳарду пас аз сӯҳбат бо аносири амнияти миллӣ ҷон ба ҷонофарин супоридаанд. Тибқи овозаҳо ҳарду аз инфаркт фавтидаанд.