Рубрики Хабарҳо

Шӯрои амният қатъномаи барқарории оташбас дар Либияро тасвиб кард

Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид қатъномаи барқарории оташбаси фаврӣ ва беқайду шарт дар Либияро бо 14 раъйи мувофиқ тасвиб кард. 

Тарҳи дархости Англия барои барқарории “оташбаси пойдор” дар Либия дар Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид ба раъй гузошта шуд, ки бо ҳимояти 14 кишвар ва раъйи мумтанеъи Русия ба унвони кишвари соҳибҳақи вето мувоҷеҳ ва дар ниҳоят тасвиб шуд. 

Ин қатънома хостори барқарории оташбаси фаврии беқайду шарт, қатъи таъмини силоҳ барои тарафҳо аз сӯи кишварҳои узви Созмони милал, пойбандӣ ба таҳрими таслиҳотӣ, ақибнишинии тамоми сарбозони иҷораӣ ва адами мудохилаи кишварҳои узв дар буҳрони Либия шуд. 

Дар ин қатънома ҳамаи кишварҳои ҳозир дар конфронси Берлин ва бозигарони байналмилалӣ ба анҷоми тааҳҳудот худ, иҷтиноб аз мудохила дар буҳрони Либия фарохонда ва хоста шуд, ки Антонио Гуттериш, дабири кулли Созмони милал гузорише аз шароит ва пешниҳодоти лозим барои контроли оташбас таҳия кунад. 

Гуфтанист, Раҷаб Тайииб Урдуғон ва Владимир Путин; руасои ҷумҳури Туркия ва Русия дар таърихи 8 январ тайи дидоре дар Истамбул, хостори барқарории оташбас дар Либия шуда ва тарафҳои даргир дар ин кишварро ба музокира барои дастёбӣ ба сулҳ даъват карданд. Аммо Халифа Ҳафтар саркардаи гурӯҳи мусаллаҳе, ки саъй дар соқит кардани давлати машрӯъи Либия (давлати вафоқи миллӣ) дорад аз пазириши ин дархост сар боз зад. 

Нишасти 13 январ ҳайатҳои Туркия, Русия ва тарафҳои даргир дар Либия дар Маскав низ бидуни натиҷа поён ёфт ва Халифа Ҳафтар бидуни имзои тавофуқнома, ин шаҳрро тарк кард. Ба гуфтаи Холид Ал-Мишрӣ, раиси шӯрои олии давлати вафоқи миллии Либия, Амороти муттаҳидаи арабӣ монеъи оташбас миёни тарафайн шудааст. 

Рӯзи якшанбе 19 январ конфронси Берлин барои ҳимоят аз талошҳои Созмони милал ба манзури барқарории оташбас ва сулҳи пойдор дар Либия баргузор шуд. 

Шибҳинизомиёни генерали кудитогар Халифа Ҳафтар, ки тавассути Амороти муттаҳидаи арабӣ, Арабистони саудӣ, Русия, Миср ва Урдун ҳимоят мешаванд, аз 12 декабри 2019 борҳо ба манзури ба тасарруф даровардани Траблос аз шарқи Либия ба ин шаҳр ҳамла карданд. 

Ягонҳои вобаста ба шӯрои риёсатҷумҳури давлати вифоқи миллии Либия низ, ки тавассути Созмон милал ба расмият шинохта мешавад, дар вокуниш ба таҳаррукоти низомии Ҳафтар дар Траблос амалиёти “Биркон-ул-ғазб”- ро оғоз кардаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *