Рубрики Хабарҳо

Чин бузургтарин сармоягузори Тоҷикистон боқӣ монд

Дар соли гузаштаи 2019 кишвари хориҷӣ 346 миллион доллар дар Тоҷикистон сармоягузорӣ карданд.

Раиси Кумитаи давлатии мудирияти амвол ва сармоягузории Тоҷикистон зимни гузориши матбуотӣ гуфт, ки ин мизон дар муқоиса бо соли 2018, 6 дарсад афзоиш доштааст.

Ба гуфтаи Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи давлатии амвол ва сармоягузории Тоҷикистон, кишвари Чин соли 2019 бо сармоягузории 262 миллиону 300 ҳазор доллар  дар иқтисоди Тоҷикистон , бузургтарин шарики иқтисодии ин кишвар ба ҳисоб меравад.

Дар соли 2019 мизони сармоягузории Русия дар иқтисоди Тоҷикистон ҳам 33 миллиону 100 ҳазор доллар будааст.

Англия низ дар ин сол дар тарҳҳои иқтисодии Тоҷикистон 13 миллиону 900 ҳазор доллар сармоягузорӣ кардааст.

Туркия бошад 13 миллиону 500 ҳазор доллар дар иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст.

Ба гуфтаи Ҳамрализода, дар соли 2019 миёни Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ 7 тавофуқномаи сармоягузорӣ ба арзиши 247 миллион доллар имзо шудааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *