Дар Тоҷикистон намояндагии зиёда аз 120 ширкати истеҳсолкунандагони дорувории Ҳиндустон ба миқдори зиёда аз 1000 намуди маводи доруворӣ ва молҳои тиббиро аз қайди давлатӣ гузарониданд
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон ҳамкориро дар соҳаи тандурустӣ густариш медиҳанд. Ин масъала зимни мулоқоти Насим Олимзода вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вираҷ Сингх сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар оғози мулоқот Насим Олимзода Вираҷ Сингхро барои ба вазифаи Сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон таъйин гардиданаш табрик намуда, аз ҳамкории ҳарду давлат, ки дар соҳаҳои гуногун хуб ба роҳ монда шудаанд, изҳори қаноатмандӣ кард.
Таъкид гардид, ки айни замон дар Тоҷикистон намояндагии зиёда аз 120 ширкати истеҳсолкунандагони дорувории Ҳиндустон ба миқдори зиёда аз 1000 намуди маводи доруворӣ ва молҳои тиббиро аз қайди давлатӣ гузарониданд.
Ҳамасола мутахассисони соҳаи тибби Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон ба даври омӯзишии забони англисӣ дар ин кишвар фаро гирифта мешаванд, ки барои баланд бардоштани сатҳи забондонии мутахассисони тоҷик мусоидат менамояд.