Гурӯҳи бузурге аз синфи боло ва миёнаро дар ҷомеъаи Тоҷикистон мансабдорон ташкил медиҳанд. 30-40 дарсади дарсади қасру кӯшкҳо дар шаҳрҳо ва 80-90 дарсади қасру хонаҳо дар амокини истироҳатӣ ба мансабдорони сатҳи болову миёна таъаллуқ доранд. Соҳибкор дар Тоҷикистон (агар афроди наздик ба мақомоти баландпояи кишвар набошад) аз сохтани хонаҳои боҳашамат худдорӣ мекунад, то мавриди таваҷҷӯҳи рейдерҳои Оила ва наздикони онҳо қарор нагирад.
Ҳатто дар манотиқ – Суғду Хатлон ва Бадахшону навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ, солҳои ахир соҳибкорон сахт мекӯшанд дороии аслиашонро пинҳон доранд. Адади хонаҳои боҳашамати фурӯхташуда аз тарафи соҳибкорон, ки онро мансабдорони давлатӣ харидаанд низ дар ҳоли афзоиш аст. Моҳонаи мансабдорони сатҳи миёнаву боло аз 1500 сомонӣ то 5000 сомониро ташкил медиҳад. Ба истиснои баъзе мавридҳо, ки раисони корхонаҳои давлатӣ моҳонаҳои бузурге барои худ ихтисос додаанд.
Ҳисоб кардани ҳаҷми боигарии мансабдорон дар кулли кишвар имкон надорад, аммо он бемуолиға даҳҳо миллиард сомониро ташкил медиҳад. Ин ҳам дар ҳолест, ки мансабдорони баландпоя одат доранд дороиҳои худро ба хориҷ ё ба офшорҳо интиқол диҳанд.
Бештари ин дороиҳо ду манбаъ доранд: ришваи саросарӣ ва ғорати буҷа.
Гардиши пул дар ришва ҳам миллиардҳо сомонист ва ҳисоб кардани он ҳам ғайриимкон аст. Камтар мансабдоре, ҳатто корманди оддии идораи давлатие дар кишвар пайдо мешавад, ки ришва нагирад. Тақрибан дар ҳеҷ идораи давлатӣ имкони бидуни ришва ҳал кардани камтарин кор имкон надорад. Ҳаҷми ришва аз 10 сомонӣ (барои навиштани як маълумотномаи оддӣ) то миллионҳо доллар аст. Ним миллион доллар пора гирифтани , як масъули Вазорати рушди иқтисодро ба хотир оваред. Ё дар ҳашт моҳ соҳиби се хонаву ду мошин шудани Шаҳбоз Раҷабзодаро. Инҳо мансабдори сатҳи миёна ҳастанд. Мисоли сатҳи болотар ин метавонад бошад, ки тибқи иттилоъи манбаъи мӯътамади Паём, Раҷаббой Аҳмадзода мансаби раиси вилояти Суғдро ба 3 миллион доллар харидааст.
Мурғе, ки ҳама мувофиқи тавон парҳояшро мекананд
Манбаъи дигари даромади мансабдорон ғорати буҷаи кишвар аст. Буҷа шурӯъ аз аввалин қадамҳои ҷамъшавӣ, то охирин дараҷаи масраф ғорат мешавад. Зина ба зина ва чанд маротиба.
Шурӯъи ғорати буҷа аз як корманди оддии давлатӣ – бозраси қатории андоз шурӯъ мешавад, то раисҷумҳур мерасад ва бо як корманди оддии дигари давлатӣ, масалан бозраси Кумитаи дин тамом мешавад.
Бозраси Кумитаи андоз барои камтар нишон додани даромади як соҳибкор аз ӯ ришва мегирад, даромади ӯро чанд баробар кам нишон медиҳад ва дар натиҷа буҷа аз гирифтани маблағи пинҳоншуда маҳрум мегардад. Ин ғорати зинаи аввал аст. Ва ҳаҷми маблағи якдафъаинаи он аз сад сомонии як мағозаи кӯчак то миллионҳо сомонии корхонаҳои бузургро ташкил медиҳад. Маблағҳои хурдро бозраси оддӣ мегирад ва ҳарчӣ маблағ бузургтар шуд, мансаби гиранда ҳам болотар рафтан мегирад. Миллионҳоро худи раиси Кумитаи андоз меситонад.
Зинаи дуввуми ғорати буҷа дар Вазорати молия аст. Ин вазорат буҷаро байни сохторҳо тақсим мекунад. Шумо фикр мекунед мутахассисони вазорат менишинанду аз рӯи ниёзу талаботи сохторҳо онро тақсим мекунанд? Хестед, ки хобед. Ҳар сохтор барои гирифтани маблағи ҳарчӣ бештари буҷа ба Вазорати молия ришва медиҳад. Барои мисол, ба маориф дар соли 2020 789 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Барои он ки ҳамин маблағро ба маориф ихтисос диҳанд, на маслан 600 миллионро, вазири маориф ба ҳамтои молиявиаш масалан 20 миллион ваъда мекунад.
“Аммо ӯ чӣ гуна ин пулҳоро аз пуле, ки расман интиқол ёфтааст гирифта ба вазири молия медиҳад, – мепурсед шумо. – Ин пул пули нақду беҳисоб нест, ки чӣ қадарашро, ки хоҳӣ гирифта масраф кунӣ”. Ва инҷо ҳам хато мекунед. Барои он ки пайдо кунем вазири маориф ин пулро аз куҷо гирифта ба вазири молия медиҳад, ба тақсими ин пул дар дохили худи вазорати маориф назар мекунем: маълумоти касбӣ – 481,1 млн сомонӣ, маълумоти умумӣ – 195 млн сомонӣ, ҷамъ 676,1 млн. Боқимондааш куҷо шуд? Он дар хароҷоти буҷа чунин нишон дода шудааст: фаъолиятҳои дигар. Ба барои ин “фаъолиятҳои дигар”, ки чӣ фаъолият буданашро ғайри вазири маорифу ду се ҳамтимаш касе намедонад, 113 миллион сомонӣ(!) ҷудо карда шудаст. Ҳамин намуд маблағҳои ҳангуфт барои “фаъолиятҳои дигар” дар тамоми сохторҳо вуҷуд дорад: аз 282 млн сомоние, ки соҳаи тандурустӣ мегирад, 81 миллионаш барои “фаъолиятҳои дигар” ихтисос дода шудааст! Барои ҷамъоварии ин 81 млн, нони даҳони ҳазорҳо соҳибкор ва даҳҳо ҳазор фарзандони онҳо кашида гирифта шудааст, аммо ду вазир онро бо нӯги қалам ба як тараф мепартоянду баъдтар ба киса мезананд.
Соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ аз 558 млн, ки аз буҷа мегирад, 125 млн.ашро ба “фаъолиятҳои дигар” масраф мекунад. Зоҳиран масъулини соҳаи фарҳангу варзиш тавонистаанд бо вазорати молия беҳтар аз ҳама забон ёбанд. Бахши “фаъолиятҳои дигар” дар ин соҳа қариб 40%(!) аз маблағи умумиро ташкил медиҳад – 153 млн аз 396 млн
Зинаи саввуми ғорати буҷа дар баландтарин сатҳ аст. 384 млн сомонӣ пули мардум ба Фонди раисҷумҳур гузаронида мешавад, ки касе ҳақи назорати онро надорад ва ҷанобашон ба ҳар ҷое дилашон хост онро масраф мекунад.
Баъди ин ғорат дубора ба зинаҳои поёнӣ суқут мекунад. Ҳар вазорату кумита онро ба ҳади имкон ба кисаҳои масъулинаш мерезад ва аз 30 то 40 дарсади ончи то он замон аз буҷа боқӣ монд, дубора талаву тороҷ мешавад. Мисоли ин гуна ғорат ҳамон Аскар Нурализода аст, ки 500 ҳазор доллар ришва гирифта буд то ба тоҷире 2 миллион доллар кӯмаки давлатӣ ҷудо кунад. Яъне $2 млн пули мардум ба як тоҷир дода мешавад ва 25 дарсади он ба кисаи як(!) масъули вазорати молия меравад. Мисоли дигар: соҳаи маорифи як вилоят то 20 дарсади маблағи ҷудомешуда аз вазорат ба вилоятро бояд ба таври нақдӣ ба “боло” баргардонад. Ҳамин тавр дар ҳама вазорату кумитаҳо. Ин зинаи чаҳоруми ғорати пули буҷа аст.
Зинаи панҷуми он дар сатҳи вилоятҳо сурат мегирад. Бо ҳамон нақшаи гузаронидани пул аз ҷумҳурӣ ба вилоят, он ба ноҳияҳо гузаронида мешавад, ки як қисми он ба таври нақдӣ ба вилоят, аниқтараш масъулин бармегардад.
Зинаи шашум ғорат бо ҳамон нақша дар ноҳияҳост.
Зинаи ҳафтум дар сатҳи мансабдорони хурд, масалан роҳбарони мактабҳо ва сардухтурҳову раисони бахшҳои гуногуни соҳаҳои буҷавӣ амалӣ мешавад.
Ҳамин тавр сар аз шурӯъи ҷамъкунии пули мардум, то расидани он ба дасти кормандони соҳаҳои буҷавӣ, то 2 баробари он пуле, ки ба ҷои пешбинишуда мерасад, дуздида мешавад.
Бештари мардум ба боигариҳои мансабдорон як посух доранд: ба онҳо Худо додааст.
Аммо дар асл Худо не, шумо ба онҳо додаед…