11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Тоҷикистон шаҳрвандонашро аз Сурия бармегардонад

Вазорати корҳои хориҷии ҶТ иттилоъ дод, ки Тоҷикистон шаҳрвандони дар паноҳгоҳҳои Сурия боқимондаи кишварро ба Ватан баргардониданист ва айни замон дар ин бора гуфтушунид ҷараён дорад.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотияш гуфт: “Мувофиқи маълумоти мо, дар паноҳгоҳҳои Сурия наздики 500 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доранд. Тибқи маълумоти созмонҳои байнулмилалӣ, дар Сурия 212 нафар занону кӯдакон ҳастанд, ки омодаанд ба Ватан баргарданд. Барои муайян кардани шумори воқеии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Сурия ҳамаҷониба тадбирҳо андешида шуда, гуфтушунид гузаронида мешавад”.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон қайд кард, ки бо ҳукумати Сурия, намояндагони нерӯҳои демократии ин кишвар, ки паноҳгоҳҳои ҷангиён ва ҳаммаслакони гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ”  зери назорати онҳо мебошанд, музокирот давом дорад.

Бино ба гуфти Сироҷиддин Мухриддин сафири Тоҷикистон дар Кувайт, ҳамзамон сафир дар Сурия аз номи ҳукумат бо ҷониби Сурия гуфтушунид мекунад. Дар ин самт бо Хазинаи кумак ба кӯдакони СММ ва Кумитаи Байнулмилалии Салиби Сурх ҳамкорӣ рафта истодааст. Онҳо ба кумак дар бозовардани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан изҳори омодагӣ карданд”.

Ёдрас мекунем, ки 30-юми апрели соли гузашта 84 нафар фарзандони занони тоҷик, ки ҳамсаронашон дар ҳайати гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” меҷангиданд, тавассути ҳавопаймои махсус аз Бағдод ба Душанбе оварда шуданд. 

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *