Фурӯдгоҳи Бохтар мехоҳад бо Чину Қазоқистон хати насби ҳавоӣ дошта бошад
Тасмим гирифта шудааст, ки аз Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар дар ояндаи наздик парвозҳо ба самти кишварҳои Чин ва Қазоқистон ба роҳ монда шавад.
Фарҳод Абдурашидзода, мудири Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ хабар дода гуфт, Фурудгоҳи Бохтар пас аз сукути чанвақта аз соли 2018 ба фаъолият шурӯъ кард ва феълан давоми як ҳафта 4-5 маротиба парвозҳо самти Маскавро анҷом медиҳад.
Зикр гардид, ки Ҳукумати кишвар аз Фонди дастгирии соҳибкорон барои дароз кардани хати парвоз 7 миллион сомонӣ ихтисос дод ва аз ин ҳисоб акнун хати парвоз 165 метр дароз карда шудааст.
Абдурашидзода афзудааст, ки айни замон хати парвози ҳавопаймо дар Фурудгоҳи Бохтар 2450 метрро ташкил медиҳад ва дар ояндаи наздик онро боз ҳам дарозтар хоҳанд кард.